Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Қадрдонии иштирокдорони амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

6
Раҳимзода аз ҳамкории аҳолӣ ва мақомот дар амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим тавсиф карда, таъкид намудааст, ки ин далели наздикии милиса ва мардум мебошад.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон сентябр бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалимро бо унвонҳо, нишонҳои сарисинагӣ, маблағ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд, менависад сомонаи ВКД.

Раҳимзода аз ҳамкории аҳолӣ ва мақомот дар амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим тавсиф карда, таъкид намудааст, ки ин далели наздикии милиса ва мардум мебошад.

Амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим рӯзи 4 сентябр оғоз гардид. Субҳи он рӯз Ҳоҷӣ Ҳалим, тавре ки мақомот мегӯяд, ба шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ба кормандони "ОМОН" дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла карда, чанд нафаро кушта буд. Ба дунболи ин ҳодиса вай ба дараи Ромит паноҳ бурд.

Баъд аз талафоти зиёде гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар таърихи 16 сентябр тору мор гардид.

6
Барчаспҳо:
қадрдонӣ, талафот, ҳоҷӣ Ҳалим, амалиёти мақомот дар дараи Ромит, ВКД, Рамазон Раҳимзода, Душанбе