Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе боз як ноҳия таъсис меёбад

64
(Таҷдидшуда 11:50 20.10.2015)
Айни замон пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе аз чор ноҳия, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ иборат буда, ноҳияи Сино бузургтарин минтақаи пойтахт маҳсуб мешавад.

Душанбе, 20 окт — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст то охирҳои моҳи ноябр дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт боз як ноҳияи нав таъсис диҳад, иттилоъ доданд ба Sputnik аз шаҳрдорӣ.

Қарори мазкур тибқи моддаи 11 Қонуни конститутсионии ҶТ  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" ва моддаҳои 19 ва 20 Қонун  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва бо мақсади иҷрои амри раисҷумҳур аз 11 июли соли 2015 "Дар бораи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" ба имзо расонида шудааст.

Тибқи қарори раиси шаҳр Комиссияи кории шаҳрдорӣ таҳти роҳбарии Ашурбег Расулов, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Комиссияи мазкур вазифадор гардидааст, ки то 28 ноябри соли 2015 ҷиҳати таъсис додани ноҳияи  нав дар ҳайати шаҳри Душанбе аз ҳисоби маҳдуд кардани ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт таҳлили амиқи сохторӣ  ва  иҷтимоию  иқтисодии  ҳудудӣ гузаронад.

Ҳамзамон, Комиссия муваззаф шудааст, ки тасвири сарҳад ва нақшаи шаҳрро бо тарҳи сарҳади ноҳияи таъсисшаванда дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута ва мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ омода ва ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

Айни замон пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе аз чор ноҳия, Исмоили Сомонӣ, Сино,  Шоҳмансур ва Фирдавсӣ иборат буда, ноҳияи Сино бузургтарин минтақаи пойтахт маҳсуб мешавад.

64
Барчаспҳо:
аз ҳисоби қаламрави Сино, ноҳияи панҷум дар пойтахт, таъсиси ноҳияи ҷадид, ҳукумати шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Исмоили Сомонӣ, Сино, ноҳияи Фирдавсӣ, ноҳияи Шоҳмансур, Душанбе
Мавзуҳо:
Тахриби биноҳо дар Душанбе: сокинон муқобиланд (7)
Парламентские выборы в Таджикистане

Мастчоҳ ба интихоботи президентӣ омодааст: ифтитоҳи 35 участкаи интихоботӣ дар ноҳия

48
(Таҷдидшуда 19:39 18.09.2020)
Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ҷидди ба интихоботи президентӣ омодагӣ гирифтааст. Дар ноҳия 35 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба баргузории интихоботи Президенти Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 баргузор мегардад, омодагӣ гирифтааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бино ба иттилои​ Ҳотамбек Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ​ омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, маводи иттилоотӣ дастраси аҳолӣ ва шиору овезаҳо дар гӯшаву роҳравҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд.

Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ як ҳавза ва 35​ участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи №39-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 14987 нафар буда, аз инҳо 429 нафарашон бори аввал дар интихобот ширкат мекунанд.

Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

48
Барчаспҳо:
мақомот, таъсис, участкаҳо, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон
Врачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной

Сироят ба COVID-19 боз зиёд шуд: шабонарӯзи гузашта 45 ҳолати нав сабт шуд

739
(Таҷдидшуда 19:52 18.09.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки тайи шабонарӯзи гузашта 45 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар як шабонарӯзи охир 110 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 38 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9259  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, вазорати тандурустии Тоҷикистон зикр кардааст, ки то санаи  18 сентябр дар мамлакат  8026  (86,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

739
Барчаспҳо:
беморӣ, шабонарӯзӣ, вируси корона, гирифторон, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон