Озода Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Озода Эмомалӣ: Тоҷикистон низоми раводиди электронӣ ҷорӣ мекунад

41
Дар доираи амалишавии лоиҳаҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷ, муассисаҳои консулӣ, низоми убури сарҳади давлатӣ тавассути шабакае якҷоя карда мешаванд.

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар рӯзҳои наздик низоми раводиди электронӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад, хабар додааст муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар Озода Эмомалӣ.

"Раводиди электронӣ танҳо ба шаҳрвандони давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо реҷаи ба таври содда додани раводидро муайян намудааст, (80 давлат) дода мешавад", — гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Озода Эмомалӣ, дар робита ба ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки якчанд лоиҳаҳоро ҷиҳати рушди минбаъдаи низоми электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ, мустаҳкам намудани амнияти миллӣ тариқи барпо намудани низоми ягонаи идоракунии сарҳади давлатӣ ва ҷорӣ намудани низоми ягонаи идоракунии таҳияи раводид амалӣ намояд.

Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷорӣ кардани низоми раводиди электронӣ бидуни фароҳам сохтани инфрасохторҳои лозимӣ дар назорати сарҳадӣ имкон надорад.

Дар доираи амалишавии лоиҳаҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷ, муассисаҳои консулӣ, низоми убури сарҳади давлатӣ тавассути шабакае якҷоя карда мешаванд.

Барои судури раводиди электронӣ барнома ва сомонаи махсус ташкил карда мешавад.

Озода Эмомалӣ афзуд, ки ҳоло танҳо чанд кишвар, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон ва Баҳрайн низоми "раводиди электронӣ" доранд.

Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба ягон муассиса муроҷиат накарда, дар ҷои дилхоҳ, ҳатто аз хона набаромада, тавассути интернет бо пешниҳод намудани маълумоти дахлдор ва пардохти маблағ, раводиди Тоҷикистонро тариқи почтаи электронии худ ба даст меоранд.

Дипломати тоҷик ваъда дод, ки сатҳи хизматрасонии Шабакаи иттилоотии электронӣ ба низоми додани раводиди Шенгенӣ баробар мешавад.
Барои амалӣ кардани ин лоиҳа барои ҷорӣ намудани низмои раводиди электронӣ вазорат озмуни байналмилалӣ эълон намудааст, ки дар он 8 ширкати хориҷӣ ва ватанӣ иштирок карда, ширкати бузурги фаронсавӣ ғолиб эълон шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тасмим дорад, ин лоиҳаро дар нимаи дуюми соли оянда роҳандозӣ намояд.

41
Барчаспҳо:
фаросанвӣ, ширкат, озмун, хориҷӣ, лоиҳа, вазорат, Ҳиндустон, Баҳрайн, АМА, Раҳмон, Озода, электронӣ, раводид, ҷорӣ кардани низоми раводиди электронӣ, ВКХ ҶТ, Озода Раҳмон, Ҳиндустон, Туркия, Баҳрайн, АМА, Тоҷикистон