Милисаҳои тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Таҷлили Рӯзи кормандони милитсия дар Тоҷикистон

93
(Таҷдидшуда 12:59 10.11.2015)
Раисҷумҳури Тоҷикистон, раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, собиқадорони милитсия ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар таҷлили ҷашн иштирок хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ҷашни касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар маҷмааи давлатии "Кохи ваҳдат" маҷлис ва консерти идона идома дорад, ки дар он намояндагони тамоми ҷузъу томҳои ВКД ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон иштирок доранд.

Дар ин чорабинӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, собиқадорони милитсия ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҳам ширкат менамоянд.

Ба рӯйхати дастовардҳои соҳаи милитсия дар давоми 5 сол дар Тоҷикистон, ифтитоҳи 90 бинои маъмурӣ ва иншоот, маҷмааи варзишии "Динамо", дармонгоҳи замонавӣ, амалишавии лоиҳаи "Шаҳри бехатар", бинои 5-ошёнаи маъмурӣ барои Дастаи таъйиноти махсус, як чанд иншоот дар вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва минтақаи Рашт шомил мешаванд.

То имрӯз беш аз ҳазор оилаи корманди мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва хона таъмин шуда, ин иқдом дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт.

Инчунин дар давоми 10 соли ахир ҳаҷми маоши кормандони милитсия 20 бор баланд бардошта шудааст.

Дар ин рӯз на танҳо аз кормандони соҳибрутба, балки аз афроде ҳам қадрдонӣ карда хоҳад шуд, ки дар гузашта ҳангоми иҷрои вазифа дар ин соҳа ҷони худро қурбон кардаанд.

93
Барчаспҳо:
рӯз, милитсия, Кохи ваҳдат, Рашт, Хатлон, Эмомалӣ, Суғд, Раҳмон, ҷашн, таҷлил, Бадахшон, таҷлили Рӯзи милитсия, Эмомалӣ Раҳмон, Рашт, Суғд, Хатлон, Бадахшон, Тоҷикистон
Свадьба, архивное фото

Дар Хатлон талоқ камтар шуд

16
Дар вилояти Хатлон камшавии теъдоди талоқ ба қайд гирифта шуд: аммо ба ин нигоҳ накарда, бештар аз 1,6 ҳазор кӯдак бе падар ва ё модар монданд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Омори талоқ дар вилояти Хатлонро сармутахассиси САҲШ Ҳуронбӣ Мирсаидзода дар мусоҳиба бо "Фараж" ироа кардааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2020 дар Хатлон 1770 хонавода пош хӯрдаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 202 адад камтар аст.

Намояндаи шӯъбаи минтақавии САҲШ гуфтааст, ин нишондодро бо тақвият бахшидани фаҳмондадиҳии арзишҳои оила байни ҷомеа иртибот додааст.

Аз шумораи умумии оилаҳо 1391 бо қарори суд, 376 бо ризоияти зану шавҳар, ки кӯдакони ноболиғ надоранд ва 3 оилаи дигар бо хоҳиши яке аз онҳо  ҷудо шуданд.

Дар Душанбе шумораи издивоҷ ва талоқ коҳиш ёфтааст

"Пас аз пошхӯрӣ ин хонаводаҳо 1646 кӯдак танҳо бо яке аз волидон: 10 нафар зери тарбияи падар ва боқимонда бо модар монданд", - гуфт Мирсаидзода.

16
Пожилая женщина

Марги мармузи пиразани 69 - сола дар Душанбе: танҳо зиндагӣ мекард

236
Чун дари пиразан чанд рӯз боз маҳкам буд, ҳамсояҳои ӯ ба дафтари КҲФ тамос гирифта, дархост намуданд, ки имдодгарон омада дари бастаи зани 69 - соларо боз кунанд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз дарёфт шудани ҷасади зани 69 - сола дар манзили зисташ, хабар медиҳад.

Талафоти бузург дар фурудгоҳи Хуҷанд: Абдумалик Ҳафизов, муовини сартабиб даргузашт

Ба иттилои котиботи кумитаи мазкур, ҳамсояҳои кампири 69 - солаи рус ба идораи КҲФ тамос гирифта, изҳор доштанд, ки дари ҳамсояи пирашон чанд рӯз боз маҳкам аст.

"Ҳамсояҳо аз он бим доштанд, ки пиразан шояд мариз шуда бошад. Ӯ танҳо ба сар мебурд", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, наҷотбахшон ба маҳалли ҳодиса, кӯчаи Деҳоти 58 ҳозир шуда, дари пиразани танҳоро тавонистанд кушоянд. Аммо, аснои ворид шудан ба хонаи ӯ, ҷисми беҷонашро дар рӯи кати хоб пайдо намуданд.

Манбаъ меафзояд, иллати марги пиразан номаълум буда, наҷотбахшон ҷасадашро барои дақиқ намудани сабаби фавт, ба мақомоти марбута таслим намуданд.

236
Барчаспҳо:
ҳалок, пиразан, Душанбе
Президент РФ В. Путин

Путин дар бораи маҳдудиятҳо дар робита бо COVID - 19 гуфт

36
(Таҷдидшуда 14:03 22.10.2020)
Дар Русия беш аз 1,4 миллион ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, беш аз 1 миллион бемор табобат ёфтанд ва 24 952 ҳазор кас қурбони ин вабои аср шудааст

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Ҳукумати Русия дар робитаба ҳамагирии коронавирус маҳдудиятҳо ҷорӣ намекунад, гуфт президенти Русия Владимир Путин, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мо дар нақша надорем ва ҳукумат чунин нақша надорад", - изҳор дошт Владимир Путин дар нишасти Шӯрои соҳибкорони Русия.

Алексей Мордашов, саҳмдори асосии "Северсталь", хоҳиш кард, ки дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо, аз бастани истеҳсолот ҷилавгирӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар назди ҳама вазифаи хеле душвор меистад: аз як сӯ, наҷоти ҷони русҳо, аз сӯи дигар, имкони дарёфти пул ва нигоҳ доштани ҷои кор.

Марги табиби 28 - сола пас аз иштирок дар озмоиши ваксинаи бритонӣ алайҳи коронавирус

Путин дар навбати худ аз соҳибкорон даъват кард, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар корхонаҳо дар замони ҳамагирӣ назорат кунанд.

Зарбаи сеюм ба пандемия: Русия озмоиши ваксинаи сеюм алайҳи COVID - ро шурӯъ кард - навор

Тибқи омори тоза, дар Русия 1 447 335 ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда шуда, 1 096 560 аз ин беморӣ шифо ёфтанд ва 24 952 нафар фавтиданд.

36
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон