Сутун бо нишони ҶШС Тоҷикистон дар майдони Дӯстӣ

Дар Душанбе барои тахриби нишони Тоҷикистони шӯравӣ омодагӣ мебинанд

37
(Таҷдидшуда 17:53 24.11.2015)
Сутун бо нишони ҶШС Тоҷикистон – нуқтаи дигари тахрибшаванда дар шаҳри Душанбе

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Сокинони Душанбе аз шунидани хабари тахриби сутун бо нишони ҶШС Тоҷикистон дар маркази пойтахт нигаронанд.

"Инҷо ҳатман дасти Ғарб дида мешавад, чун онҳо талош доранд, дар маҳдудаи пасошӯравӣ ҳеч нишоне аз Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ намонад. Албатта, ин комилан нодуруст аст. Зеро таърихро намешавад, "бозсозӣ" кард. Бо таъсиси ҶШС Тоҷикистон таърихи Тоҷикистони муосир ҳамчун давлати мустақил оғоз меёбад ва ин сутуни ёдгорӣ ҳам бахшида ба 20-солагии таъсисёбии ҷумҳурии ҷавони мо қомат афрохта буд. Барои чӣ набошад аз дастовардҳои кишвар дар даврони шӯравӣ, аз қабили адабиёти бойи он замон пурра даст намекашанд?", — мегӯяд сокини шаҳри Душанбе Хуршед Салимов дар шарҳи ин хабар.

Строительные ограждения вокруг стелы с гербом Таджикской ССР
© Sputnik Нилуфар Каримова
Омодагӣ барои тахриби сутун бо нишони ҶШС Тоҷикистон дар майдони "Дӯстӣ"

Тавре масъулини шаҳрдории Душанбе изҳор медоранд, ин сутун бар асоси нақшаи генералии пойтахти Тоҷикистон тахриб карда мешавад. "Мо дар вуҷуди ин ҳеч заруратеро намебинем, чун соли 2011 дар шаҳр, наздикии майдони "Дӯстӣ" сутун бо нишони миллии кишвар қомат афрохтааст", — меафзояд манбаи мо дар шаҳрдорӣ.

Қаблан масъулини Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфта буданд, ки то ҳол сутун бо нишони Тоҷикистони шӯравиро дар маркази Душанбе ҳамчун ёдгории меъмории замони шӯравӣ нигоҳ доштаанд. Онҳо 15 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтанд, феълан Тоҷикистони соҳибистиқлол нишони худро дорад ва нишони замони шӯравӣ ҳамчун ёдгории таърихӣ боқӣ мондааст: "Ин герб хусусияти хоси меъмории замони шӯравиро дорад ва як гӯшаи таърихӣ аст".

Баландии сутуни нишони нави Тоҷикистон 45 метр буда, деаметри худи нишон бошад 5 метрро ташкил медиҳад.

37
Барчаспҳо:
"Дӯстӣ", сутун, майдон, миллӣ, нишон, пойтахт, Иттиҳоди Шӯравӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Файзов дар бораи норозигияш аз раисӣ, бузургии мардум, бемории худ ва роҳ ба ҷавонон-видео

212
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯяд, тайи роҳбарияш дар вилоят ягон рӯз аз раисияш розӣ набуд ва танҳо дар замони пандемия, дар бистари беморӣ хушбахтии будан бо мардумро дарк намуд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Умедшо Мирзоширин, коргардони шинохтаи тоҷик, ки дар бораи кори ризокорон дар замони пандемия дар вилоят филмбардорӣ дорад, порае аз суҳбат бо Ёдгор Файзовро низ дар саҳифааш нашр кардааст.

Файзов мегӯяд, хушбахтияшро дар рӯзе дарк кард, ки гирифтори беморӣ шуду аз халқ, ки барояш ҳанӯз коре накардааст, ҳазорҳо дуо гирифт. Ӯ гуфт, фаҳмид, ки барои мардум шуда ҷон додан ҳам меарзад.

“Ҷон ҳам диҳӣ меарзад”: хушбахтии Файзов дар бистари беморӣ-навор

“Он рӯз эҳсос кардам, ки бо халқ будан, на ҳамчун раис, балки танҳо худи будан бо мардум ифтихори бузург аст. Худам ҳайрон мондам, ки охир барои мардум ман чӣ кор кардаам, ки ин қадар дастгирию дуоҳо дар ҳаққи ман мекунанд”.

Ба суол дар мавриди ҷавонон, Ёдгор Файзов изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон 65 дарсад ҷавонанд.

Ӯ таъкид кард, ки агар майлу ҳаваси ҷавонон ба тарафе бошаду мо ҷониби дигар талош кунем, ба ҷое намерасем.

Хоҳу нохоҳ месупорем: раиси ВМКБ гуфт, ҷавононро ҷавон хуб мефаҳмад

“Хоҳу нохоҳ ҷавононро бояд фаҳмид, ба фикру хоҳишҳояшон бояд тавҷҷуҳ кард. Аз тарафи дигар ҷавононро ҷавон хуб мефаҳмад. Ман синнам таги 60 аст, барои ояндаи дурахшон бояд бо ҷавонон машаварат  кард, онҳоро фаҳмид.  Бе ҷавонон ба ҷое рафтан наметавонем, хоҳем нахоҳем, фардо месупорем”, - таъкид кард Файзов.

212
Барчаспҳо:
беморӣ, помир, Бадахшон, ВМКБ, ВМКБ, раисҷумҳур, раис, Тоҷикистон
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи Регар ТадАЗ, аз чап

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии нави дастаи "Куктош" таъйин шуд

40
(Таҷдидшуда 12:45 07.07.2020)
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, мураббии муваффақ ва шинохтаи тоҷик ба вазифаи сармураббии дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ӯ дар ин вазифа Раҳматулло Фузайловро иваз кард, хабар медиҳад сомонаи varzishtv.tj.

Ҳабибуллоеви 55-сола аз соли 2001 то 2013 дар бошгоҳи “Регар ТадАЗ” фаъолият намуда, шаш карат чемпиони Тоҷикистон (солҳои 2001, 2002, 2003, 2004, 2006, 2007, 2008), се карат барандаи Ҷоми Президенти КФО (2005, 2008, 2009) ва Ҷоми Тоҷикистон (2001, 2005, 2006) шудааст.

 Номбурда  соли 2014 дар вазифаи сармураббии “Делерон-Уротеппа”-и Истаравшан фаъолият намуда, дар соли нахуст дастаро ба зинаи сеюми ҷадвал баровард.

Ҳамчунин моҳи феврали соли 2015 як муддат тими “Равшан”-и Кӯлобро тамрин дод ва июли ҳамон сол пас аз чанд моҳи сармураббӣ шуданаш истеъфо дод.

Баъдан, худи ҳамон сол  ба вазифаи сармураббии дастаи “Ҳосилот” даъват шуда, тими мазкурро аз Лигаи якум ба Лигаи олӣ баровард, медалҳои нуқраи мусобиқаро ба даст овард.

Ӯ соли 2007 як муддат сармураббии тими миллии кишвар ва баъдан яккачини ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) буд.

40
Пациенту ставят капельницу, архивное фото

Ҳушдори сарвазир аз афзоиши коронавирус дар минтақаҳо: "маводи доруворӣ захира кунед"

0
Кубатбек Боронов сарвазири Қирғизистон аз эҳтимоли зиёд шудани ҳолатҳои сироятшавӣ ба коронавирус дар манотиқҳои ин кишвар ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сарвазири Қирғизистон Кубатбек Боронов дар ҷаласаи ситоди марказии ҷумҳуриявӣ гуфт, ки мақомоти минтақавӣ бояд ба афзоиши мавориди мубталошавии шаҳрвандон ба коронавирус ва ё илтиҳоби шуш омода бошанд.

Ӯ таъкид намуд, ки аз ҳоло бояд дар минтақаҳо захираи маводи доруворӣ пурзӯр карда шавад. Ҳамчунин сарвазир ба таъмин намудани минтақаҳои Қирғизистон аз табибони ҳирфаӣ таъкид кард.

269 ҳолати ҷадид ва фавти 3 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

"Дар Бишкек, бинобар шумораи зиёди маризон, беморхонаҳо зуд пур мешаванд ва дар дармонгоҳҳо кормандони тиб намерасанд. Аз ин рӯ, мақомоти минтақавӣ бояд ба ҳолати афзун шудани шумораи сироятёфтагон аз коронавирус ва илтиҳоби шуш омода бошанд. Вазъияте, ки ҳоло дар пойтахт дида мешавад, набояд дар дигар минтақаҳо такрор шавад", - афзудааст Боронов.

Зимнан, сарвазири Қирғизистон тактикаи мубориза бурдан бо коронавирус дар минтақаҳоро баён намуд:

"Таҷриба нишон дод, ки ба мо танҳо катҳои хоб лозиманд. Мо бояд ҷойҳоро барои беморони вазнин ва беморони миёна омода кунем. Барои онҳое, ки шакли сабук доранд, бояд дар утоқҳои алоҳида бистарӣ шаванд. Ҳоло дар Бишкек духтурон ва ҳамшираҳои шафқат намерасанд. Ҳамаи ин нозукиҳоро дар минтақаҳо бояд ба назар гирифт", - илова намудааст сарвазир дар ҷаласа.

Дар Қирғизистон вазъият дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус бисёр ваҳим аст. Теъдоди қурбониёни вируси COVID - 19 дар Қирғизистон наздик ба 100 нафар расидааст. Ҳамарӯза дар ин кишвар то 500 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт мегардад.

0
Барчаспҳо:
сарвазир, захира, маводи доруворӣ, афзоиш, маризӣ, Қирғизистон