Дар Душанбе миқдори зиёди қурсҳои МДМА (экстази)-ро мусодира карданд

Обуна шудан
Пас дар хонаи дастгиршуда кофтуков гузаронида шуд ва дар махфигоҳ боз зиёда аз 2 ҳазор ҳаби МДМА дарёфт гардид.

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар яке аз ошхонаҳои пойтахт миқдори махсусан калони маводи нашъаовари синтетикӣ МДМА (экстази) дарёфт ва мусодира кардаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии АНМН.

Рустам Назарзода дар нишасти матбуъотии АНМН - Sputnik Тоҷикистон
АНМН: мубориза бо қочоқи маводди мухаддир бояд дастҷамъона бошад

Кормандони Агентӣ иттило гирифтанд, ки ба пойтахт миқдори махсусан калони маводи нашъаовари синтетикии МДМА бояд ворид гардад ва як силсила чорабинӣ барои муайян намудани шахсияти ба он дастдошта гузарониданд.

"Қарор карда шуд, ки он шахсро ҳангоми фурӯши ҳабҳо дар яке аз ошхонаҳо дастгир намоянд. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз ӯ як борхалта дарёфт гардид, ки дар дохили он 3 587 ҳаби МДМА мавҷуд буд", — афзудааст манбаъ.

Пас дар хонаи дастгиршуда кофтуков гузаронида шуд ва дар махфигоҳ боз зиёда аз 2 ҳазор ҳаби МДМА дарёфт гардид.

Дастгиршуда дар тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки ҳабҳои МДМА-ро бо мақсади паҳн намудан дар муассисаҳои дилхушии пойтахт овардааст.

"Тибқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари синтетикии МДМА — экстази дар ҳаҷми 5 418 ҳаб мебошад. Нархи умумии ҳабҳои мусодирашуда дар "бозори сиёҳ" 80 ҳазор доллари Амрикоро ташкил менамояд", — илова кардааст манбаъ.

Аз рӯи ҳодисаи аз тарафи Шуъбаи тафтишотии Агентӣ бо моддаи 200 қ. 4 зербанди "д" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.

Дастгиршуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0