Раисҷумҳури ФР Владимир Путин ва раисҷумҳури ҶТ Эмомалӣ Раҳмон

Путин Раҳмон ва тоҷикистониёнро бо Соли нав табрик гуфт

36
(Таҷдидшуда 11:31 31.12.2015)
Ӯ дар номаи табрикотии худ ибрози умедворӣ кардааст, ки ҳамкориҳои созандаи ду кишвар дар оянда ҳам ҳифз ва тақвият хоҳанд ёфт.

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин тоҷикистониён ва ҳамтои худ Эмомалӣ Раҳмонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфтааст, иттилоъ медиҳад lафтари матбуотии Кремл.

Ҷаноби Путин дар сухани табрикотии худ илова кардааст, ки соли 2015 ба муносибатҳои Тоҷикистону Русия соли бобарор ва судманде буд.

Вай дар номаи табрикотии худ ибрози умедворӣ кардааст, ки ҳамкории созандаи ду кишвар минбаъд низ бо суръати баланд пеш рафта, барои мустаҳкамсозии субботу амният дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

Русия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

4 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе сафорати Русия фаъолияти худро оғоз кард.

Дар таърихи 8 июни соли 1993 Намояндагии доимии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба Намояндагии Тоҷикистон дар Русия табдил дода, 18 декабри ҳамон сол дар заминаи он сафорат таъсис дода шуд. Алҳол дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа консулгариҳои генералии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои Русия ва густариш бахшидан ба ҳамкориҳо нақши муҳим дорад.

36
Барчаспҳо:
мелодӣ, сол, нав, табрик, нома, муносибат, табрикот, сафорати Русия дар Тоҷикистон, президенти ҶТ, президенти ФР, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Русия
Марзбони тоҷик, акс аз бойгонӣ

КДАМ Тоҷикистон моҷаро дар марз ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

495
(Таҷдидшуда 22:44 25.10.2020)
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои нерӯҳои марзбонии КДАМ, рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд.

"Дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд.  Онҳо даъво пеш меоранд, ки маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Манбаъ афзуд, хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд. Корҳо дар маҳали муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд.

Байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ду кишвар  гуфтушунид идома дорад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан бо нашри як изҳорот гуфт, марзбонҳои қирғиз барои ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ба ҳаво тир холӣ карданд.

495
Барчаспҳо:
тирпаронӣ, марз, Тоҷикистон
Сбор урожая хлопка в Турсунзаде

Раиси Суғд ба ғолибони озмун аз 5 то 20 ҳазор сомонӣ ҷоиза дод

42
(Таҷдидшуда 20:58 25.10.2020)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и маркази вилоят ба ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор ҷоиза дод

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, зимни маросими ҷоизасупорӣ аз зарурати рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои корӣ гуфт.

Тибқи иттилои ҳукумати вилояти Суғд, дар ҷамъбасти давраи дуюми мавсими пахтачинӣ заркорони ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ ва инчунин пахтакорони Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз ғолиби мусобиқа дониста шуданд.

Манбаъ афзуд, раиси вилоят ба ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ "Вимпели сайёр" ва мукофотпулиҳоро дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ, 10 000 сомонӣ ва 5 000 сомонӣ тақдим намуд.

Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки кӯшишҳои деҳқонони заҳматқарин барои беталаф ғундоштани ҳосили пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ бо суръати тоза ҷараён гирифта, онҳо соли ҷориро бо дастовардҳои баланд ҷамъбаст менамоянд.

"Қайд кардан зарур аст, ки деҳқонони ботаҷрибаи хоҷагиҳои деҳқонии "Элёр"-и ноҳияи Ашт, "Иҷоракор"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, "Озодҷон"-и ноҳияи Зафаробод, "Ҳоҷидеҳқонбой"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, "Гули шодӣ"-и ноҳияи Мастчоҳ, "Зарбдор"-и шаҳри Конибодом ва "Турдиқул ҳоҷӣ"-и ноҳияи Спитамен ва дар маҷмӯъ дар миқёси вилоят 3648 хоҷагии кишоварзӣ дар ин давра ба марраи мурод расида, собит намуданд, ки ташкили дурусти кор, саъю талош, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт сафарбаркунии қувваҳо гарави муваффақиятҳо мебошад.

Ҳукумати Суғд зикр намудааст, ки пахтакорони вилоят азм доранд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик 130 ҳазор тон пахта истеҳсол намоянд. То имрӯз бошад наздик 100 ҳазор тонна "тиллои сафед" ба хирман рехта шудааст.

42
Барчаспҳо:
озмун, пахта, Тоҷикистон