Бозори мошин дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Дар “Гипрозем” варзишгоҳ месозанд, бозори “Панҷшер”-ро тахриб мекунанд

108
(Таҷдидшуда 13:00 09.02.2016)
Ҷаласаи шаҳрдорӣ таҳти раёсати мири пойтахт масоили марбут ба татбиқи Нақшаи генералии Душанберо мавриди баррасӣ қарор дод.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ, ки рӯзи душанбе баргузор шуд, татбиқи нақшаи генералии пойтахтро мавриди баррасӣ қарор дод, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати шаҳр.

Ба иттилоъи манбаъ, дар доираи нақшаи генералии Душанбе таҷдиди боғи "Дӯстии халқҳо" ва тахриби маҷмааҳои савдои "Ганҷина" ва "Панҷшер" дар назар аст.

"Дар доираи таҷдиди «Боғи Дӯстии халқҳо» бунёди Маҷмааи меъмории «Истиқлолият» дар назар аст, ки ҳудуди феълии марказҳои савдои «Ганҷина» ва «Панҷшер»-ро фаро хоҳад гирифт",- менависад манбаъ.

Маркази тиҷоратии "Панҷшер" аз амволи нисбатан назаррасест, ки ба хонаводаи Чоловҳо, собиқ қумандонҳо ва ҷангиёни Фронти халқӣ марбут дониста мешавад.

Ҳамзамон, мири пойтахт тасмим гирифтааст, ки ба ҷои собиқ мошинбозор дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт калонтарин варзишгоҳ дар кишвар бунёд гардад.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ варзишгоҳи муосир барои бозии футбол бо 25 ҳазор ҷойи нишаст дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳр амалӣ хоҳад шуд.

108
Барчаспҳо:
тасмими шаҳрдорӣ, нақшаи генералӣ, эъмори варзишгоҳи калонтарин, тахриби маркази тиҷоратӣ, боғи "Дӯстии халқҳо", мошинбозори Гипрозем, бозори Панҷшер, Чоловҳо, Қурбон Чолов, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Гипрозем, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар Душанбе "Хонаи савдо"-и Узбакистон ифтитоҳ мешавад
Объявление купаться запрещено, архивное фото

Хатарнок: КҲФ ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ ва истироҳатро нишонгузорӣ мекунад

8
(Таҷдидшуда 17:04 14.07.2020)
Кумитаи ҳоалтҳои фавқулоода ба нишонагузории ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ ва истироҳат дар соҳилҳо идома медиҳад

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, риоя нашудани одитарин талаботҳо сабабгори ғарқ шудани мардум мегардад.

Дар асоси «Нақша чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъӣ ҳолатҳои фавқулодда» барои соли 2020, вобаста ба мавсими обозии соли 2020, Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шаҳри Душанбе ва шуъбаи ноҳияи И. Сомонӣ дар соҳилҳои дарёи Душанбе, канали Дереватсионӣ ва кӯли Душанбе пайваста корҳои таблиғотӣ дар мавриди таъмини ҳолатҳои бехатарии шаҳрвандон ҳангоми шиноварӣ ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар мавсими оббозӣ, гузаронида мешавад.

Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид

"Дар айни замон зимни мулоқот бо истироҳаткунандагон маҳалли истироҳату тафреҳгоҳҳо пурра аз назар гузаронида мешаванд ва дар ҷойҳое, ки оббозӣ манъ аст, лавҳа гузошта мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Ғарқшавии ду тан дар дарёи Шоҳдараи ВМКБ : ҷасадҳо то ҳол пайдо нашудааст

Тибқи иттилои манбаъ, пештар ҳам шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи И.Сомонӣ ҳамроҳ бо  шўъбаи ВКД-и ноҳия, Раёсати кор бо маҳаллаҳо ва хизматрасонии фонди манзилию комуналии ноҳия дар ҳудуди маҳаллаҳое, ки каналу дарё наздик аст бо сокинон ва истироҳаткунандагон суҳбатҳо роҳандозӣ кардаанд.

8
Барчаспҳо:
нишона, тақвияти соҳилҳо, Тоҷикистон, КҲФ Тоҷикистон
Дворуц культуры и информационный центр в Бохтаре

Хатлон: номи чанд шаҳраку ҷамоат ва деҳаҳо иваз мешаванд

35
(Таҷдидшуда 17:25 14.07.2020)
Дар ин бора худи сокинони навоҳӣ ва шаҳрҳои мазкур дархост ирсол кардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон 13 лоиҳаи номивазкунии чандеро таъйид кардааст, ки ба наздикӣ тасдиқ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бек Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар додааст.

Ба гуфтиа раиси кумита, то имрӯз ба кумита 36 дархост аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ворид гардидааст. 

"Дар шаш моҳи аввали сол равон 36 дархост аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин ворид гардидааст, ки  аз 24 тои он аз вилояти Хатлон мебошад", - тавзеҳ додааст раиси кумита.

Ба қавли ӯ, дар ин робита, 13 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо барои мувофиқа намудан омода гардидааст.

"Ин  лоиҳаҳо  номивазкунии баъзе ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва номгузории баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб, Сангвор, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод ва ҳудуди вилояти Хатлонро дар бар мегиранд", - афзудааст вай.

Давоми 18 соли дар Тоҷикистон, 1113 воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, яъне 1 вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 деҳот ва 966 деҳа ном гузошта ё номи онҳо тағйир дода шудаанд.

Номивазкунии  воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мунтазам ба вуҷуд омада, аз 51 ноҳия, номи 23 ноҳия иваз карда шудааст. Аз ҷумла, 12 адад ба вилояти Хатлон, 2 адад ба вилояти Суғд, 5 адад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 4 адад ба шаҳри Душанбе тааллуқ доранд.

Шуд: Қӯрғонтеппа расман ба Бохтар номгардон шуд

Аз соли 2000 ба 1113 воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, яъне 1 вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 деҳот ва 966 деҳа ном гузошта ё номи онҳо тағйир дода шудаанд.

Новобаста аз он, ки солҳо аз номивазкунии маҳалҳои гуногун дар Тоҷикистон паси сар шудаанд, сокинони маҳаллӣ то ҳол аз номҳои пештараи онҳо  истифода мекунанд. Масалан, Ленинский район ба ноҳия Рудакӣ тағйири ном кардааст, аммо то имрӯз кам нестанд афроде, ки ин ноҳияро “Ленинский район” ном мебаранд.

35