Оташнишонҳо дар театри опера ва балет “сӯхтор”-ро хомӯш карданд

© Sputnik / Амир ИсаевТеатри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ
Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин тамринот ба кормандони умури сӯхторнишонӣ духтурон, намояндагони мақомоти умури дохила ва наҷотдиҳандагон кумак карданд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дар бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин айнӣ рӯзи 18 феврал машқҳои бузургмиқёси омӯзишӣ-тактикии кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ доир гардиданд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД.

Тараддуди солинавии сокинон ва маслиҳати Хадамоти оташнишонӣ

Ба қавли манбаъ, дар ин чорабинӣ ба ҷуз ҳайати шахсии ҷузъу томҳои СХДО ВКД мустақар дар шаҳри Душанбе, инчунин кормандони милитсия барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хадамоти ёрии таъҷилии тиббӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода сафарбар гардиданд.

Тибқи нақша кормандони ин ниҳод бо истифода аз қувва ва воситаҳои техникии сӯхторхомӯшкунӣ дар мӯҳлати кутоҳтарин бояд ҳодисаи сӯхтори шартии дар бинову иншоотҳои театрро иҳота ва хомӯш намуда, ҳаёти одамонро наҷот ва молу амволи биноро аз оташ ҳифз месохтанд.

Гуфта мешавад, тамринот бо омодагии хуби кормандони ҳамаи сохторҳо баргузор шуд.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0