Низомиёни пойгоҳи 201-ум дар ноҳияи Рӯдакӣ ба сокинон ёрӣ мерасонанд

Пойгоҳи 201-и Русия ба сокинони Рӯдакӣ ёрӣ мерасонад

38
(Таҷдидшуда 15:03 07.04.2016)
Ҷараёни бузурги об роҳҳои автомобилгардро тахриб карда, бархе аз пулҳои минтақаро валангор сохт. Низомиёни рус нақша доранд, ки дар муддати кӯтоҳ оқибатҳои селро бартараф созанд.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ барои бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ аз пойгоҳи 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон дархости кӯмак кардаанд, омадааст дар хабари матбуотии Округи марказии Ҳарбӣ.

Ҷараёни сел роҳҳо ва 15 бетони пулро, ки вазни ҳар якеаш 10 тоннаро ташкид медиҳад шуста бурд.

Дар зудтарин фурсат ба минтақаи зарардида 20 сарбоз ва 5 адад техникаи махсус: автокран, экскаватор ва мошини зиреҳпӯши барқарорсозӣ равона карда шуданд.

"Гурӯҳи бартарафкунандаи оқибатҳои офатҳои табиии пойгоҳи 201-ум ба барқарорсозии қисмҳои вайрони пул, ки минтақаи аҳолинишини "Эсанбой"-ро бо шаҳри Душанбе мепайвандад, машғул шуданд", —гуфта мешавад дар иттилоъия.

Дар ҳоли ҳозир роҳи мошингард дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ҳаракати ҳама гуна нақлиёт дар ҷодаи мазкур гардидааст. Низомиён нақша доранд ҳар чӣ зудтар пулро барқарор намоянд.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ҶТ калонтарин пойгоҳи ҳарбии ФР дар хориҷа буда, қисмҳои он дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа мустақар мебошанд. Бар пояи тавофуқоти дуҷонибаи Маскаву Душанбе, ки соли 2012 имзо шуд, он то соли 2042 дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

38
Барчаспҳо:
ҳарбиён, кӯмак, низомиён, барқарорсозӣ, тахриб, пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон, Эсанбой, Рӯдакӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Пойгоҳи 201-и ФР беш аз ҳазор мутахассис барои артиши ҶТ омода кард