Қаҳҳор Маҳкамов. Акс аз бойгонӣ

Эмомали Раҳмон ба аҳли оилаи Қаҳҳор Маҳкамов изҳори ҳамдардӣ намуд

85
(Таҷдидшуда 10:41 09.06.2016)
Роҳбари нахустини ҷумҳурӣ абадан дар хотираи мардуми Тоҷикистон чун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва сарвари ғамхор хоҳад монд, изҳор дошт Эмомали Раҳмон.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба хешу пайвандони аввалин президенти ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов, ки рӯзи чоршанбе дар синни 85 солагӣ даргузашт, изҳори ҳадардӣ намуд, иттилоъ медиҳад РИА Нововсти бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ.

Қаблан хабар дода шуд, ки Маҳкамов дар пайи бемории дарозмуддат аз олам даргузашт.

"Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович дар тӯли зиндагиаш  дар мансабҳои  гуногуни роҳбарикунандаи давлатӣ  адои вазифа намуда, дониш, таҷриба ва малакаи худро барои пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст. Роҳбари нахустини ҷумҳурӣ абадан дар хотираи мардуми Тоҷикистон чун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва сарвари ғамхор мемонад. Дар  ин лаҳзаҳои вазнин ба фарзандону пайвандон ва хешу ақрабои Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович изҳори ҳамдардии амиқ намуда, аз даргоҳи Худованд баҳрашон сабри ҷамил хоҳонам",-омадаст дар тасаллияти президент.

Маросими ба хок супории аввалин президенти Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе сурат мегирад.

Қаҳҳор Маҳкамов моҳи ноябри соли 1990, баъд аз пош хурдани  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, президенти аввалини Тоҷикистон интихоб шуда, дар муддати кӯтоҳ  соли 1991 ба истеъфо рафт.

Баъди ба истеъфо рафтан ба ҳайси  узви  ҳамешагиии парлумон, намояндаи Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё  раиси Комиссия оид ба сиёсати иқтисодӣ, ки ба он ҳамаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё шомиланд фаъолият карда буд.

85
Барчаспҳо:
изҳори тасаллият, Эмомали Раҳмон, Қаҳҳор Маҳкамов, Тоҷикистон
Мавзуъ
Қаҳҳор Маҳкамов президенти аввалини Тоҷикистон даргузашт
Қаҳҳор Махкамов: набояд иҷоза дод, ки пулҳо аз кишвар берун раванд