Шаҳрвандони Қурғонтеппа курсҳои омӯзишии Маркази омӯзиширо хатм карданд. Акс аз бойгонӣ

Сокинони Қурғонтеппа курсҳои Маркази омӯзишии муҳоҷиратро хатм карданд

24
(Таҷдидшуда 15:27 17.06.2016)
Ба хатмкунандагони аввалини курсҳои омӯзишии забони русӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ, малакаи истифодабарии компютер дипломҳо супорида шуданд.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар Қурғонтеппа маросими супоридани шаҳодатномаи хатми курсҳои омӯзишӣ ба аввалин хатмкунандагони Маркази омӯзишии муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Россотрудничества.

Дар маросими супоридани дипломҳо ва шаҳодатномаҳои хатми курсҳои омӯзишӣ намояндаи Россотрудничества дар Тоҷикистон Михаил Вождаев иштирок кард.

Маркази омӯзишии муҳоҷирони меҳнатӣ бо ибтикори барномаи кӯмаки Русия ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ дар якҷоягӣ бо бунёди "СПИД инфосвязь"-и Русия амал менамояд.

"Барономаи Маркази омӯзишӣ аз  курсҳои омӯзишӣ оиди бемориҳои сироятӣ, забони русӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ ва малакаи истифодабарии компютер иборат буданд",-омадааст дар иттилоия.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сатҳи зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо тавассути додани маълумот дар бораи бемориҳои сироятӣ ва ҳамчунин дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ-тандурустӣ дониста мешавад.

24
Барчаспҳо:
забони русӣ, курсҳои омӯзишӣ, Россотрудничество, Михаил Вождаев, Қурғонтеппа

Камтар шуд: Вазорати тандурустӣ омори нави сироят, марг ва шифоёбӣ аз коронавирусро гуфт

0
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 179 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 16 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6741 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5431 нафар ё худ 80,5%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 56 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 179 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Интиқоди тунди Мирзиёев аз кори мансабдорон: "вазъи КОВИД-19 дар Тошканд нанговар аст"

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

0
Здание Счетной палаты Таджикистана

27 ширкату корхона аз Палатаи ҳисоб “халос” шуданд шарҳи мақомот

32
 Ҳудуди 27 ширкат дар пайи мораторий аз феҳристи санҷишҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон хориҷ карда шудаанд

 ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб, зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, дар пайи судури як фармони Президенти Тоҷикистон ин ширкату корхонаҳо аз нақшаи санҷишҳо хориҷ карда шуданд.

“Инҳо ширкатҳое ҳастанд, ки бо истеҳсолот машғул ҳастанд ва аз нақшаи корхонаву ширкатҳое, ки бояд соли 2020 аз сӯи Палатаи ҳисоб санҷида мешуданд, ҳазф гардиданд”, - гуфт Қарахон Чиллазода.

Бино ба иттилои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, ин корхонаву ширкатҳо, аз ҷумла “Ангишти Исфара”, “Шахтаи Фон Яғноб”, “Зиддӣ”, “Шӯробод”, “Камаробод”, “Назарайлоқ”, КВД “Сементи тоҷик”, КВД “Нури Ховар”, “Чароғ”, “Грант”, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка”, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон”, Ширкати куҳии саноатии Тоҷикистону Хитой ва ғайра мебошанд.

15 январи соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон фармонеро ба имзо расонд, ки бино ба он, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии кишвар то 1 январи соли 2021 ба хотири дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мораторий эълон карда шуд.

Палатаи ҳисоб гуфт, барои хунукназарӣ чанд мансабдори давлатиро ҷазо доданд

Дар пайи ин фармон мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук дар ин муддат ҳаққи санҷишро нахоҳанд дошт.

32