Эмомали Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Эмомали Раҳмон ба мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард

35
Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон унвони раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ номаи тасаллият ирсол намуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ дар пайи инфиҷор дар Афғонистон зиёда аз 60 нафар ҳалок гардида,  беш аз 300 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар номаи тасаллиятии раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла омадааст "хабари ҳамлаи хунинтарини маргталабонро дар Кобул, ки муҷиби ҳалокату захм бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта гардид, бо андӯҳи бузург  дарёфтам".

Ҳамчунин Эмомали Раҳмон дар идомаи нома ин амали террористонаро маҳкум карда изҳори андуҳи бузург ва омодагӣ барои ҳамкории бештар дар самти аз байн бурдани терроризм намудааст.

"Ҷониби Тоҷикистон дар қатори тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аъмоли зишту ғайриинсонии интиҳориёнро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири таҳкими муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи нерӯҳои аҳримани терроризми байналмилалӣ  таъкид менамояд. Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Афғонистон ҳассос мо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти воқеии ҳамкории кишварҳоямон дар роҳи решакан кардани ҳамгуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ иброз медорем.Эҳсоси ҳамдардӣ ва ғаму ғуссаи амиқи моро ба ҳар хонаводаи  фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем",-омадааст дар иттилоия.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар пойтахти Афғонистон ҳангоми гирдиҳамоӣ таркиш ба вуқӯъ пайвста дар пайи он чандин нафар ҳалок ва зиёда аз 300 кас захмӣ гардиданд.

35
Барчаспҳо:
изҳори тасаллият, Ашраф Ғанӣ, Эмомали Раҳмон, Афғонистон, Тоҷикистон