Тилло. Акс аз бойгонӣ

Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон 2% боло рафт

511
(Таҷдидшуда 16:58 28.07.2016)
Дар давоми 6 моҳ дар Тоҷикистон 2096 кг тилло истеҳсол карда шуд. Чунин нишондод, баъди ба кор додани корхонаи нави истеҳсолӣ КМ “Зарафшон” ба даст омад.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар давоми нимсолаи аввали соли равон корхонаҳои коркарди тиллои Тоҷикистон 2096,4 кг тилло истихроҷ намуданд, изҳор дошт вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода.

Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2015-2% зиёдтар аст.

Ба туфайли мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истихроҷи тиллои КМ "Зарафшон", ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон меафзояд.

"Ҳаҷми истеҳсоли нуқра дар нисбат ба нимсолаи аввали  соли гузшата 1 кг зиёд шуда, 1253 килоро ташкил дод",-гуфт ӯ.

Дар ҳоли ҳозир ҳашт корхонаи дохил ва хориҷи кишвар ба коркарди тилло машғул ҳастанд.

Бино ба маълумоти вазир, маблағи бадастомада аз фурӯши тилло 1,5 млрд. сомонӣ, аз ҷумла содирот 1 млрд. сомониро ташкил додааст.

Дар баробари ин қайд  гардид, ки аз ҳаҷми умумии тиллои истеҳсолшуда дар ним сол 1,5 тоннааш ба корхонаи «Зарафшон» рост омада, 70,3%-и тиллои истихроҷшуда дар дохили кишвар ба фурӯш рафтааст, ки харидорони асосӣ Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ мебошанд.

Айни замон дар Тоҷикистон се корхонаи бузурги истихроҷи тилло — корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин, «Тиллои тоҷик» ва корхонаи муштараки «Апрелевка»-и Тоҷикистону Канада фаъолият мекунанд.

511
Барчаспҳо:
2 тонна дар ним сол, коркарди тилло, Вазорати саноат ва технологияи нави ҶТ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Соли гузашта дар Тоҷикистон 3,4 тонна тилло истихроҷ шудааст
Тоҷикистон дар ивази Маркази гармидиҳӣ ба Чин 2 кони тилло додааст
Дар Тоҷикистон як ширкати чинӣ ба истихроҷи тилло шурӯъ мекунад

Орипов: Раҳмон дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сафҳаи тиллоӣ боз кард

5
(Таҷдидшуда 16:48 29.09.2020)
Дар ҷараёни музокирот Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва Сарвазири Узбекистон Абдулло Арипов масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо сарвари ҳукумати Узбакистон Абдулло Арипов мулоқот кард.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаи масъалаи кушодани робитаҳои нақлиётӣ миёни ҷумҳуриҳо гузошта шудааст.

Расулзода зимни гуфтушунид таваҷҷӯҳро ба тавсеаи гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ҷалб кардааст.

Бар поияи оморҳои расмӣ,  гардиши савдо байни ин ду давлати дӯст аз 12 миллион доллари соли 2015 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 расид. Ин нишондиҳанда 30 баробар афзудааст.

Давоми ҳашт моҳи соли равон бошад содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 53 миллион долларро ташкил додааст, ки 24 дарсади ҳаҷми умумии содироти кишварро дар бар мегирад.

 Сарвазири Тоҷикистон аснои мулоқот қайд кардааст, ки дар оянда гардиши савдои хориҷии ҷумҳурҳо ба як миллиард доллар расиданист.

Расулзода инчунин ба Узбакистон барои кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус ташаккур гуфт.

Дар навбати худ, сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон мусбат арзёбӣ кардааст.

"Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкории ду кишвари бародар саҳифаи тиллоиро кушод.  Ҳамкории мо ба сатҳи сифатан нав баромад ва имрӯз мо ҳама ҷанбаҳо ва самтҳои робитаҳои тиҷоративу иқтисодии худро муҳокима кардем" гуфт ӯ.

Ҳамзамон зимни гуфтушунид, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак оид ба таъсиси “Ширкати инвеститсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон” зарур шуморида шуда, ҷиҳати истифодаи василаҳои дипломатияи иқтисодӣ, пеш аз ҳама, тавассути роҳандозии тамосҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратӣ бо мақсади амалӣ гардонидани лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

5
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Тоҷикистон аз ҷиҳати нерӯи барқи арзон минёи кишварҳои ИДМ яке аз пешсафон эълон шуд

35
Ҳукумати Қирғизистон арзиши миёнаи тарифҳои барқро дар кишварҳои ИДМ ҳисоб кардааст, ки пастаринаш дар ин кишвар ва баландтаринаш дар Русия ва Белорус будааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Омори нархҳои барқ ​​дар кишварҳои ИДМ дар гузориши ҳукумати Қирғизистон ҷамъбаст карда шуд.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешавад, ки дар кишварҳои ИДМ таносуби манбаъҳои истеҳсоли нерӯи барқ ​​гуногун аст, ки ин ба арзиши истеҳсоли он бевосита таъсир мерасонад.

Фармони Раҳмон: нархи неруи барқ, об ва алоқа то охири соли 2020 баланд намешавад

Гуфта мешавад, то санаи 19 сентябри соли 2020 бо доллари ИМА, тарифи барқ ​​дар Қирғизистон аз ҳама пасттарин - 0,01 доллар барои 1 кВт / соат аст.

Тоҷикистон ва Узбакистон низ аз рӯи нархномаҳо миёни пешсафон қарор доранд, ки барои 1 кВт / соат 0,02 доллар пардохт мекунанд.

Аммо Русия ва Беларус дар байни кишварҳои ИДМ ба кишварҳое табдил ёфтанд, ки тарифҳои гаронтарин доранд: дар он ҷо сокинон бояд барои як киловатт дар як соат то 0,1 доллар пардохт кунед.

Вазорати энержӣ: тавлиди барқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Ин аз он сабаб аст, ки дар Русия ва Беларус нерӯи барқ ​​асосан дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ тавлид мешавад, ки нисбат ба гидроэнергетика хеле гаронтар аст.

35
Барчаспҳо:
нарх, барқ, Қирғизистон, Тоҷикистон