Артиллерия худгарди  2С19 МСТА-С. Акс аз бойгонӣ

Низомиёни пойгоҳи 201-ум дар Тоқикистон корвони “боевиконро нобуд карданд”

24
Тирандозӣ аз дастгоҳҳои артиллерияи худидоракунии 2С1 “Гвоздика” ба воситаи мавқеи оташфишонии пинҳонӣ гузаронида мешуд. Маҳалли кӯҳии мураккаб кори нишонгиронро дар зарбаи оташӣ ба корвон бо аслиҳа ё лагери ҷангиёни анъанавӣ мушкилтар менамуд.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Низомиёни қисми артиллерии пойгоҳи низомии 201-уми мастақар дар Тоҷикистон, корвони аслиҳа ва террористони мавҳумро (шартан) дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Қаратау "нобуд карданд",- хабар медиҳад хадамоти матбуоти Минтақаи низомии марказӣ.(МНМ)

"Оташфишонӣ аз дастгоҳҳои артиллерияи худидоракунии 2С1 "Гвоздика" ба воситаи мавқеи оташфишонии пинҳонӣ дар муҳити зудтағийрёбандаи омӯзишӣ-низомӣ гузаронида мешуд. Дарёфт кардани душмани мавҳумро қисми иктишофии пойгоҳи низомии 201-ум таъмин намуданд, ки мушаххасоти мақсадашонро ба нуқтаи фармонбарорӣ равон мекарданд."

Қайд карда мешавад, ки Маҳалли кӯҳии мураккаб кори нишонгиронро дар зарбаи оташӣ ба корвон бо аслиҳа ё лагери ҷангиёни анъанавӣ мушкилтар намуд. Ғайр аз ин пас аз марш низомиён  ҷобаҷогузории таҷҳизотро  ҳангоми  роҳгардӣ дар ҷангҳо коркард намуданд.

Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуоти МНМ тайёрии оташфишонӣ дар чорчӯбаи ҷамъомади лагерии қисми артиллерии пойгоҳи низомии 201-ум иҷро гардид, ки то мобайнҳои моҳи сентябр давом мекунад.

 

24
Барчаспҳо:
Озмоиши низомиён, Минтақаи низомии марказӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Пойгоҳи низомии 201-ум барои артиши ҶТ афсарони хурдро омода мекунад
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз кишти 100-гектарии гандум дар Данғара

9
Деҳқонон ба ғайр аз гандум дар майдони 80 гектар замин пахта, дар боқимондаи он дигар намуди зироати кишоварзӣ аз қабили, картошка, пиёз ва полезиҳо кишткардаанд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз нашъу намои замини гандуми Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии "Муҳсинҷон" боздид кард, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент. 

"Самти асосии ширкати "Муҳсинҷон" ба парвариши тухмии навъҳои маҳаллии ҳосилдеҳи гандум нигаронида шуда, хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, соли ҷорӣ деҳқонон дар майдони зиёда аз 100 гектар гандум кишт кардаанд, ки ҳоло нашъу намои он хуб ба назар мерасад. Дар майдони 80 гектар замин пахта, дар боқимондаи он дигар намуди зироати кишоварзӣ аз қабили, картошка, пиёз ва полезиҳо кишт шудааст.

Қариб 200 гектар замини  "Муҳсинҷон"-и ноҳияи Данғара обӣ буда,  асосан навъҳои гандуми маҳаллии серҳосили ба иқлими ноҳияи калони ғаллакори мамлакат-Данғара кишт карда шудааст.

"Мувофиқи иттилоъи масъулон соли равон дар майдони 50 гектар аз тухми гандуми ҳосилдеҳи "Фарҳоди", ки маҳсули офаридаи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад, кишт карда шудааст", - менависад дафтари мутбуот.

Хадамот: масъалаи гандум ҳал шуд, чанд рӯз пас картошка ҳам фаровону арзон мешавад

Гуфта мешавад, ҳосили интизории имсолаи ғаллазори замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии "Муҳсинҷон"-и ноҳияи Данғара, ки ҳоло нашъу намои хуб дорад 60 сентнерро ташкил хоҳад дод.

 Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз нашъу намои замини ғалла ба масъулон чиҳати гирифтани ҳосили фаровони гандум, таъмин кардани ҳама хоҷагиҳои ғаллакори ҷумҳурӣ бо тухмиҳои ба иқлим мутобқи ҳосилдеҳ маслиҳатҳо дод, афзудааст манбаъ.

9
Детская игрушка возле дороги

Духтараки ду сола зери чархи мошини боркаш ба ҳалокат расид

61
(Таҷдидшуда 12:38 30.05.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуше, ки дар ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифтааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, фавти кӯдаки ду сола зери чархи мошини боркаш санаи 29-уми майи соли равон сурат гирифтаат.

Манбаъ қайд намудааст, ки ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Зил ММЗ-554”, Тошматов Эшонқул Добулович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Қ.Ғиёсови ноҳияи А.Ҷомӣ ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан дар роҳи байнидеҳавии деҳаҳои Б.Ҳилолӣ ва Шерободи ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи мазкур хурдсол Ватаниева Солеҳамоҳ Маҳмадюнусовна, соли таваллудаш 2018, сокини ҷамоати деҳоти Дӯстии ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид намудааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса хурдсол, Ватаниева Солеҳамоҳ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир? кормандони милитсия аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабап дода буд, ки  як ронанда дар шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётӣ духтарчаи панҷ соларо дар назди нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиётӣ ба номи “AUTO SPО” пахш намуд.

Дар натиҷа, хурдсол Хайруллоева Нозия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

61
Барчаспҳо:
дӯстӣ, ҳодисаи нохуш, ҳодиса, садама, Тоҷикистон