Майдончаи сохтмонии НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ

Олимон бехатарии бунёди НБО Роғунро муҳокима мекунанд

40
(Таҷдидшуда 14:51 24.08.2016)
Дар рафти конфронсӣ дуҳафтаина дар пойтахти Тоҷикистон олимон ақидаҳои худро дар бораи коҳиши хатари заминларза пешниҳод мекунанд, ҳамчунин масъалаи ташкил намудани низоми ягонаи мушоҳидаи сейсмологии Осиёи Марказиро муҳокима намуданд.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Душанбе  конфронси байналмиллалии ил

мӣ-амалии  "Бехатарии сейсмологии Осиёи Марказӣ" баргузор мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Академияи илмҳои ҶТ.

Чорабинӣ дар санаҳои 25-27 август дар Китобхонаи милии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Иштирокдорони конфронс монитогинги сейсмикиро дар  давлатҳои Осиёи Миёна баргузор мекунанд, таҷрибаҳои худро дар коҳиш додани хатари зилзилаҳои байнисарҳадӣ мубодила мекунад,  ҳамчунин дурнамои ташкил додани низоми ягонаи мушоҳидаҳои сейсмологиии Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин олимон ба  масъалаи паст намудани хатари сейсмологӣ дар шаҳрҳои калон назар меандозанд.

Аз ҳама муҳимаш барои олимон ин баррасӣ намудани масъалаи бехатарии бунёди сарбанди баланд ва силсиланерӯгоҳҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла сохтмони НБО Роғун мебошад.

Сохтмони сарбанди НБО Роғун ба якчанд солҳо марбут бо мухолифатҳо дар ин масъала бо мақомоти Ӯзбакистон  ба таъхир гузошта шуда буд. Дар Ӯзбакистон мегӯянд, ки шояд ҳангоми заминларза сарбанд рахна шавад.

Тоҷикистон ин хавфи Тошкандро беасос мешуморад ва барои ин дигар НБО-ҳои дар кишвар амалкардаистодаро бо ин баландӣ сарбандҳояшон   мисол меорад.

 

Рогунская ГЭС: Инфографика
© Sputnik
Рогунская ГЭС: Инфографика

 

40
Барчаспҳо:
Конфронси байналмиллалӣ, АИТ, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
НБО Роғун: Аз нишондодҳо то ба далелҳо
Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки

Муттаҳам дар таҷовузи духтари сесола: оғози мурофиаи парвандаи Зиеёв дар суди Душанбе: акс

1003
(Таҷдидшуда 00:00 04.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи марде оғоз кардааст, ки дар таҷовузи духтарчаи сесола муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии додгоҳи пойтах бо нашри аксҳо аз оғози баррасии парвандаи таҷовузи духтари сесола хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, мурофиаи додгоҳӣ имрӯз, 3 июли дар толори судии суди шаҳри Душанбе бо парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Зиёев Юсуф Раҷабалиевич барои содир намудани таҷовуз ба номуси духтарчаи се сола оғоз шудааст.

Ба иттилои манбаъ Зиёев Юсуф  бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад.

Дафтари матбуотии додгоҳи Душанбе ҷузъиёти пурраи парвандаро нашр накардааст.

Тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қисими сеюми моддаи 138 (таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик) – аз 12 то 25 соли зиндон ё ҳукми қатл ё ҳабси умрбод пешбинӣ шудааст.

  • Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Пресс-служба столичного суда
  • Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Пресс-служба столичного суда
  • Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Пресс-служба столичного суда
1 / 3
Пресс-служба столичного суда
Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки

Ҳамчунин қисми чори моддаи 139-и Кодекси ҷиноии кишвар барои ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида аз 15 то 20 соли зиндонро дар бар мегирад.

Қисми якуми моддаи 127 бошад дидаю дониста дар хатар монондан ва нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад ва аз сабаби хурдсолӣ, пиронсолӣ, беморӣ ё аз сабаби оҷизии худ имконияти андешидани чораҳои худмуҳофизатиро надорад, ҳангоме, ки шахси гунаҳгор метавонист ба ин шахс ёрӣ расонад ва вазифадор буд нисбати ў ғамхорӣ зоҳир намояд ё худаш ўро дар ҳолати барои ҳаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштанро дар бар гирифта, ашхоси муттаҳам бо чунин моддаро ду сол зиндон таҳдид мекунад.

1003
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Бидуни фавт: 50 ҳолати ҷадид ва шифо ёфтани 72 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон

475
(Таҷдидшуда 19:01 03.07.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди сироятшавӣ ва шифоёфтагон аз маризии коронавирусро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 50 ҳолати нави сироятёбӣ ба вируси COVID-19 сабт гардидааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта ба мисли чанд ҳафтаи охир ягон мавриди фавти маризони коронавирус ба қайд гирифта нашудаст.

Зимнан, аз 30 апрел то 3 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6108 нафар баробар шудааст, ки аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4762 нафар шифо ёфтаанд.

Ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон якбора афзуд

Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 216 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 72 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

475
Барчаспҳо:
омор, сироят, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон