Эмомалӣ Раҳмон дар давоми сафари кории худ ба Данғара, 31 августи соли 2016

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Данғара

33
Эмомалӣ Раҳмон дар давоми сафари кории хеш ба ноҳияҳои волояти Хатон, имрӯзб ба ноҳияи Данғара ташриф овард.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати анҷоми сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф овард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия пешвоз гирифтанд.

Раисҷумҳур дар давоми ин сафар дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ширкат варзида, дар чорабинии Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

 

33
Барчаспҳо:
Сафари раисҷумҳур ба н. Данғара, Эмомалӣ Раҳмон, Данғара, Тоҷикистон
Мавзуъ
Раҳмон дар Қӯрғонтеппа аз фестивали “Оши палави Хатлон” дидан намуд
Матч между душанбинским Истиклолом и Худжандом

Дархости Тоҷикистон барои баргузории бозиҳои гуруҳии Ҷоми Осиё-2020 дар Душанбе

17
Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали рақобатҳо марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ нашр намуд.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои федератсияи Футболи кишвар,  тақвими бозиҳо пас аз баррасиҳои зиёд аз ҷониби раҳбарияти Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳайаташ гирифта шуд.

Тоҷикистон дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 шомили гуруҳи "D" мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои гурӯҳи "D" бо иштироки дастаҳои футболи  "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон, "Дордой"-и  Қирғизистон ва "Хуҷанд"-и  Тоҷикистон аз 23  октябр то 4  ноябри соли равон, доир мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳар чор бозӣ  дар як кишвар доир мегардад, ки  то ҳануз дақиқи набуда, тасмими ниҳоӣ дар бораи макони баргузорӣ рӯзҳои наздик гирифта мешавад.

ФФТ мегӯяд, барои баргузории ин рақобатҳо дар Душанбе дархост ирсол кардаанд.

Ғолиби гурӯҳ дар нимфинали байниминтақавӣ, ки 24-25 ноябр пешбинӣ шудааст, бозӣ мекунад. Бозии финалии байниминтақавӣ 2 декабр ва рақобати ниҳоии Ҷоми AFC 12 декабр доир мешавад.

 

17
Муин Гафуров. Архивное фото

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

78
(Таҷдидшуда 09:24 11.07.2020)
Ширкати  размикори тоҷик Муин Ғафуров дар бузургтарин ташкилоти ММА ба таъхир гузошта шудааст. Акнун ӯ метавонад дар Лигаи Ҷопон бозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Муштзани тоҷик Муин Ғафуров ният дорад, ки ба Ҷопон биравад, гуфт роҳбари Лига самбои  размӣ ва ММА-и Тоҷикистон Аҳтам Ҳокиров.

"Эҳтимол, рӯзҳои наздик дар бораи шартномаи Муин Ғафуров барои як муҳориба бо лигаи ҷопонӣ Rizin Fighting Federation дақиқи шавад" гуфт ӯ.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки як размикори тоҷик Муин Ғафуров,  бо UFC, бузургтарин лигаи MMA дар ҷаҳон шартнома бастааст. Аммо, он гоҳ ин тасдиқ карда нашуд.

Тавре маълум шуд, Ғафуров ҳаққи қонунии бастани шартнома бо UFC надорад, зеро вай бо як ташкилоти дигар шартнома дошт. Ин ширкати ONE FC буд,  ки размикор пеш бо он кор карда буд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 Муин бо ONE FC шартнома бастааст. Вай 18 мубориза дар сатҳи касбӣ баргузор кард, ки дар он 16 ғалаба  ва ду шикастро паси сар кардааст.

Муин охирин бор санаи 6 октябри соли 2018 дар мусобиқаи One One - Kingdom of Heroes  размикори Бразилия Леандро Исаро тариқи нокаут дар аввалин раунд мағлуб кард. Қабл аз ин, 14 октябри соли 2017, дар мусобиқаи Tajikistan Fighting Championship 5, Ғафуров бразилии дигар Итало Фрейтасаро  нокаути техникӣ дар даври 1 мағлуб кард.

Муин Ғафуров (қад - 170,18 см, вазн - 64 кг) дар муҳорибаҳои омехта таҳти лақаби Тоҷик баромад карда - қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба самбо (WCSF), қаҳрамони ҷаҳон оид ба грэпплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон дар MMA (WKA), устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба самбои размӣ мебошад.

78