Омодагӣ ба гузашти низомӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Дар гузашти низомӣ бахшида ба истиқлолияти ҶТ зиёда аз 60 ҳазор нафар иштирок мекунанд

55
(Таҷдидшуда 13:11 08.09.2016)
Дар майдони марказии пойтахт-“Дӯстӣ” гузашти низомӣ бо иштироки 16 ҳазор сарбозони гарнизони Душанбе доир гардида, баъди он 60 нафари дигар аз майдон гузашт мекунанд.

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар гузашти низомӣ, ки ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, зиёда аз 60 ҳазор нафар иштирок мекунанд.

"Чорабиниҳои асосӣ бахшида ба ҷашни муҳимтарини Тоҷикистон-25-солагии истиқлолияти давлатӣ-дар шаҳри душанбе дар худи ҳамон рӯз доир мегарданд. Субҳи барвақт дар майдони "Дӯстӣ" гузашти низомӣ бо иштироки 16 ҳазор сарбозону афсарони гарнизони Душанбе ва 60 ҳазор шаҳрванди дигар баргузор мегардад",-иттилоъ дод ба РИА Новости намояндаи хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Мувофиқи маълумоти манбаъ дар гузашти низомии имсола техникаи ҳарбӣ ва ҳавоӣ истифода намешавад. Аз майдони асосии кишвар қисмҳои гуногуни низомии кишвар аз майдон мегузаранд. Баъд бо иштироки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кормандони ҳукумат, вакилони парлумон ва дигар аъзоёни мақомотҳои баландпоя дар "Кохи Борбад" маҷлиси ҷашнӣ баргузор мегардад.

Пас аз маҷлис консерти идона бо иштироки устодони санъат доир мегардад. Шоми ҳамин рӯз бошад дар майдони марказии пойтахт намоиши театркунонида, ки 1,5 соат давом мекунад, баргузор гардида, бо намоиши фейерверкҳо анҷом меёбад.

Рузи Истиклол дар РТ
© Sputnik
Рузи Истиклол дар РТ
55
Барчаспҳо:
ҷашни истиқлолияти давлатӣ, гузашти низомӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Таҷлил аз истиқлолияти Тоҷикистон дар Қазоқистон