Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон

Раҳмон муносибатҳои Тоҷикистонро бо Тошканд афзалиятнок номид

41
(Таҷдидшуда 19:40 29.09.2016)
Президенти Тоҷикистони Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон Абдулазиз Комилов фазои қобили қабул ҳолат ва дурнамои тамоми маҷмӯи муносиботи Тоҷикистону Ӯзбакистон ва роҳҳои минбаъдаи тавсеаи онро баррасӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон афзалиятҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро дар сиёсати берунаи кишвар  қайд намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти кишвар.

Дар Душанбе вохӯрии президенти Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон Абдулазиз Комилов, ки ба Тоҷикистон сафари корӣ оростааст,  баргузор гардид. Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон афзалиятҳои муносибатҳои Тоҷикистони ва Ӯзбакистонро муҳокима намуда, роҳҳои рушди ояндаи онро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо тамоюлҳои мусбати ҳамкориҳои ин ду кишварро қайд намуданд. Онҳо муҳим донистанд, ки бо ҳамдигар доиман машваратҳои сиёсӣ дошта, дар муколама бошанд.

"Президенти Тоҷикистон ҷанбаҳои афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикстон ва Ӯзбакистонро қайд намуд",- омадааст дар хабар.

Раҳмон ва Комилов ҳамчунин аҳамияти фаъол намудани соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар ва ҳамкориҳои соҳаҳои иқтисод ва савдои давлатҳоро гуфта гузаштанд. Дар қатори соҳаҳое, ки ҳамкории зичро талаб мекунанд онҳо ба бахшҳои об ва энергетика, ҳамчунин нақлиёт ва логистика аҳамияти махсус доданд.

Тарафҳо ҳамчунин аҳамияти таъмини бехатарии минтақавиро, ҳамчун шарти асосии суботи иҷтимоиву сиёсӣ дар Осиёи Миёна арзёбӣ карданд.

41
Барчаспҳо:
Вохӯрии президенти Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон, Абдулазиз Комилов, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Грозин: Мирзиёев наметавонад мушкилиҳои байни Ӯзбакистон ва Тоҷикистонро ҳал намояд