Эмомалӣ Раҳмон президенти ҶТ ҳангоми суханронӣ дар ноҳияи Лахш. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон: таи ҳашт моҳ ба Мӯъминобод 6 ҳазор сайёҳ сафар кардааст

66
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди сафари корӣ ба Рашту Дарвоз, аз ноҳияи Мӯъминобод дидан карда бо фаъолони ин минтақа сӯҳбат кард.

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод баъди ифтитоҳи як зумра иншоотҳои нав бо мардуми ин диёр мулоқот намуда, зимни суханронӣ соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои даромаднок хонда, диққати ҳамагонро ба рушди он ҷалб намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Дар замони муосир яке аз соҳаҳои сердаромад  соҳаи сайёҳӣ буда, дар ноҳияи Мӯъминобод имкониятҳои рушди соҳа бештар мебошанд.

Шоҳкориҳои табиӣ ва ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ, аз қабили Чилдухтарон, обанбори Мӯъминобод, ёдгориҳои мансуб ба асрҳои 9-10, аз ҷумла қалъаи Мӯъминобод, Шоҳи Хомӯш, чашмаву обҳои табобатӣ, иқлиму нарму табиати зебо ва гиёҳҳои шифобахш диққати ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

Маҳз ҳамин захираву боигариҳост, ки танҳо дар ҳашт моҳи соли равон беш аз 6 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳудуди ноҳия, аз ҷумла минтақаи Чилдухтарон ташриф овардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи сайёҳиро зарурӣ шумурда таъкид кард, ки рушди он барои дарёфти ҷойҳои нави корӣ масоидат хоҳад кард.

"Бояд зикр намоям, ки обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва ташкили инфрасохтори муосир дар чунин мавзеъҳо аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки ҳалли он метавонад ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва даромади иловагии аҳолӣ мусоидат намояд",-гуфт президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ. 

Итминон дорам, ки мардуми ватандӯсти ноҳияи Мӯъминобод минбаъд низ бо эҳсоси баланди милливу хештаншиносӣ ба хотири ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат саъю талоши бештар мекунанд ва бо заҳмати софдилона диёри худро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд. 

Дар фарҷом президенти кишвар кулли мардуми ободгару ҳимматбаланди  ноҳияи Мӯъминободро ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон — биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии кишварамон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва барори кор таманно кард.

66
Барчаспҳо:
рушди соҳаи сайёҳӣ, суханронӣ, сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Мӯъминобод, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дастуру супоришҳои президенти ҶТ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба “Сафед-Дара”
Сайёҳ: маро дар Тоҷикистон бепул савор карданд ва ройгон сер карданд
Тоҷикистон сайёҳони Малайзияро бо мероси бузурги роҳи Абрешим ҷалб мекунад
Хуш омадед, ё Welcome to Tajikistan!