Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон хориҷиён наметавонанд бештар аз се сол кор кунанд

15
(Таҷдидшуда 13:33 13.10.2016)
Мӯҳлати иҷозатнома барои фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар то се сол кам карда шуд. Пештар қонуни кишвар мӯҳлати иҷозатномаҳоро то панҷ сол пешбинӣ мекард

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Тоҷикистон мӯҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷиро кӯтоҳ намуд. Вакилони палатаи поёнии парлумон ба қонуни "Дар бораи иҷозатномадиҳии баъзе намудҳои фаъолият" тағийроту иловаҳо ворид намуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Пештар қонуни ҶТ фаъолияти шаҳрвандони хориҷаро ба панҷ сол пешбинӣ мекард.

"Мӯҳлати фаъолият барои иҷозатномаи меҳнатӣ дароз аст ва метавонад боиси истифодаи бесамараи он шавад",- мегӯяд ба вакилон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Нурулло Маҳмадуллозода.

Ба гуфтаи ӯ, тағйиру иловаҳо барои ҷалби мутахассисони хориҷӣ дар лоиҳаҳо, ба мӯҳлати аз як то се сол пешбинӣ мекунад.

"Соли ҷорӣ барои ҷалби 8 ҳзр. мутахассисони хориҷӣ квота ҷудо карда шудааст. Он асосан дар соҳаҳое мебошад, ки дар онҳо ба Тоҷикистон мутахассисон намерасанд",- мегӯяд вай.

Маҳмадуллозода ҳамчунин афзуд, ки квотаҳо мутахассисон ва коргарони хориҷиеро ба назар намегирад, ки дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ва қарзӣ фаъолият мекуананд.

15
Барчаспҳо:
фаъолияти хориҷиён дар кишвар, Вакилони палатаи поёнӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Имомуддин Сатторов: муҳоҷират тамоюли ҷаҳонист
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид, архивное фото

Норасоиҳоро бартараф кунед: супориши Давлаталӣ Саид ба роҳбарони МОИ

73
(Таҷдидшуда 11:54 25.01.2021)
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ - ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik.  Ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Ба нақл аз АМИТ “Ховар” дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” шунида шуд.

Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазир дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Давлаталӣ Саид ба ҳар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи дар ҳар  як минтақаи озоди иқтисодӣ таъкид карда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.

Гуфта шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.

73
Барчаспҳо:
Давлаталӣ Саид, содирот, истеҳсол, таъсис, Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, Тоҷикистон
Пожарная машина в Душанбе

Тафсилоти сӯхтори бозори "Султони Кабир": сабаб ва ҳаҷми хисорот маълум шуд

457
(Таҷдидшуда 11:34 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, оташнишонон ба маблағи 2 миллион сомонӣ молу маҳсулоти мардумро аз сӯхтор наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Омили асосии сӯхтор дар бозори "Султони Кабир", ки субҳи рӯзи 25 январ рух дод, расиши кӯтоҳи ноқилҳо арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифта буд.

ВКД сабаби зиёд шудани сӯхтор дар Тоҷикистонро гуфт

Гуфта мешавад, алангаи сӯхтор бо гузашти 2 соат ва бо заҳмати 348 нафар кормандони оташнишонӣ пурра хомӯш гардид. Дар хомӯш шудани сӯхтор ҳамчунин 16 автомашинаи оташнишонӣ ва 200 корманди дастаи таъиноти махсус, РВКД дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.

Манбаъ меафзояд, зарари расонида шуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

"Аз оташ молу маҳсулоти мардум ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ эмин дошта шуд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи сӯхтор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Бояд қайд кард, ки ин бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.

457
Барчаспҳо:
сабаб, сӯхтор, Султони Кабир