Хона-осорхонаи Мубораки Вахонӣ-муассисаи беҳтарини сол дониста шуд

© Sputnik / Амир ИсаевАсбобҳои мусиқии миллӣ. Акс аз бойгонӣ
Асбобҳои мусиқии миллӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусобиқаи ҷумҳуриявии “Муассисаҳои беҳтарини сол” бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Аз байни хона-осорхонаҳои ҷумҳурӣ, хона-осорхонаи Мубораки Вахонӣ беҳтарин дониста шуд.

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Озмуни "Муассисаҳои беҳтарини сол" дар байни муассисаҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорати фарҳанг ҷамъбаст гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

Ҳайати ҳакамон ба муассисаҳо аз лиҳози тозагии дохил ва беруни бино, ободонӣ, кабудизоркунӣ, иҷрои нақшаҳои корӣ, интизоми корӣ, чопи босифати китобҳои тозанашр, омода намудани мутахассисони ҷавон, хизматрасонии пулакӣ, ташкили ҷойҳои нишаст, сохтмони фаввораҳо, насби таҷҳизоти замонавӣ, арғунчаку чархофалак, линпопо, толорҳои саққобозиву тениси рӯи миз, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, нуқтаҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ баҳо доданд.

Аз байни театрҳои ҷумҳурӣ,Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ беҳтарин дониста шуд. Дар самти муассисаҳои олии  таълимӣ, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ғолиб омад.

Соҳибкорзани сол2016 —ҶоизаиФараҳ-2016 - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон соҳибкорзани беҳтаринро интихоб намуданд

Аз байни муассисаҳои ибтидоии соҳавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев ҷои аввалро соҳиб шуд. Аз байни муассисаҳои табъу нашр нашриёти "Адиб" ғолиб омада, аз байни муассисаҳои китобхонӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар ҷои аввалро гирифт.

Дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии "Панҷрӯд" беҳтарин дониста шуд. Аз байни хона-осорхонаҳо бошад дар сатҳи ҷумҳуриявӣ хона-осорхонаи Мубораки Вахонии ноҳияи Ишкошими ВМКБ ғолиб омад.

Аз байни боғҳои фарҳангӣ дар сатҳи вилоятӣ, боғи истироҳатии ба номи Камол Хуҷандии вилояти Суғд беҳтарин дониста шуд. Аз байни қасрҳо ва хонаҳои фарҳангӣ, дар сатҳи шаҳрӣ қасри фарҳанги шаҳри Нораки вилояти Хатлон ғолиб омад.

Лентаи хабарҳо
0