Омӯзишҳои КҲФ. Акс аз бойгонӣ

Наҷотдиҳандагон аз Русия ва Тоҷикистон якҷоя дарс мехонанд

16
(Таҷдидшуда 19:41 24.10.2016)
Барои баланд бардоштани малака ва дониши кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Тоҷикистон то санаи 30-уми октябр дар Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад. Дар он 25 нафар афсарон Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории кумита иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik.Омӯзгорони Академияи мудофиаи шаҳрвандии ВҲФ Русия барои баланд бардоштани малакаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии назди ҳукумати ҶТ дарсҳои таълимӣ мегузаронанд, хабар медиҳад котиби матбуоти кумита Умеда Юсупова.

Дар Сомонаи КҲФ Тоҷикистон қайд карда мешавад, ки курсҳои омӯзишӣ дар се скамт: тайёрии фаврӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, ҳамчун тайёр намудани аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқуллода  гузаронида мешавад.

"Тренинг дар давоми як ҳафта дар чорчӯбаи созишномаи сетарафаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи ФР, ва Ташкилоти байналмиллалии мудофиаи шаҳрвандӣ гузаронида мешавад",- мегӯяд котиби матбуот.

Курсҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон то санаи 30-уми октябр бо иштироки 25 нафар афсарони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории кумита баргузор мешавад.

16
Барчаспҳо:
Машқ, ВҲФ ФР, КҲФ, Русия-Тоҷикистон
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид, архивное фото

Норасоиҳоро бартараф кунед: супориши Давлаталӣ Саид ба роҳбарони МОИ

33
(Таҷдидшуда 11:03 25.01.2021)
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ - ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik.  Ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Ба нақл аз АМИТ “Ховар” дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” шунида шуд.

Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазир дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ- ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Давлаталӣ Саид ба ҳар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи дар ҳар  як минтақаи озоди иқтисодӣ таъкид карда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.

Гуфта шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.

33
Барчаспҳо:
Давлаталӣ Саид, содирот, истеҳсол, таъсис, Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, Тоҷикистон
Пожарная машина в Душанбе

Тафсилоти сӯхтори бозори "Султони Кабир": сабаб ва ҳаҷми хисорот маълум шуд

301
(Таҷдидшуда 11:34 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, оташнишонон ба маблағи 2 миллион сомонӣ молу маҳсулоти мардумро аз сӯхтор наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Омили асосии сӯхтор дар бозори "Султони Кабир", ки субҳи рӯзи 25 январ рух дод, расиши кӯтоҳи ноқилҳо арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифта буд.

ВКД сабаби зиёд шудани сӯхтор дар Тоҷикистонро гуфт

Гуфта мешавад, алангаи сӯхтор бо гузашти 2 соат ва бо заҳмати 348 нафар кормандони оташнишонӣ пурра хомӯш гардид. Дар хомӯш шудани сӯхтор ҳамчунин 16 автомашинаи оташнишонӣ ва 200 корманди дастаи таъиноти махсус, РВКД дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.

Манбаъ меафзояд, зарари расонида шуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

"Аз оташ молу маҳсулоти мардум ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ эмин дошта шуд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи сӯхтор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Бояд қайд кард, ки ин бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.

301
Барчаспҳо:
сабаб, сӯхтор, Султони Кабир