Хӯроки ҳарбиён. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон низомиёнро аз рӯи изи ангушт хӯрок медиҳанд

73
(Таҷдидшуда 18:33 15.11.2016)
Ширкати технологияи таҷҳизотӣ, низоми нави хӯрокдиҳиро пешниҳод кардааст. Таҷҳизот ба таври худкор ҳаҷми зарурии маҳсулотро ҳисоб карда барои маълум кардани нақшаи ғизои ҳарбиён ба таври дақиқ кумак мекунад

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ширкати коркарди технологияи нав низоми ҷадиди идоракунии хӯроки ҳарбиёнро, дар зиёда аз 700 обекти Вазорати мудофиаи ФР, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба роҳ монд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

"Ширкати мо таҷҳизоти навро дар пойгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия аз ҷумла дар Арманистон, Тоҷикистон, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Қирғизистон ва ғайра насб кард",-изҳор дошт роҳбари дипартаменти рушди технологӣ Павел Анисимов.

Қайд мегардад, ки таҷҳизот аз нармафзор бо хизматрасонии идоракунӣ,  ду  экрани сенсорӣ ва санҷандаҳои биометрӣ иборат буда,  тариқи изи ангушт ба кор медарояд.

"Бо ёрии инфомати якум дар сурати дер мондан,  низомӣ аз хӯрок маҳрум карда мешавад, тавассути экрани дуюм бошад, тариқи изи ангуш барои гирифтани хӯрок шахсияти низомӣ маълум карда мешавад",-омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тавр баъди дарёфти маълумоти зарурӣ барнома тариқи худкор ҳаҷми муайяни хӯрокро барои ҳар як низомӣ муайян менамояд.

73
Барчаспҳо:
ҳаҷми хӯрок, изи ангушт, низоми нави хӯрокдиҳӣ, Вазорати мудофиаи Русия, Тоҷикистон, Русия
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

13
(Таҷдидшуда 10:08 28.10.2020)
Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

"Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

 

13
День 28 октября

Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

43
(Таҷдидшуда 18:56 27.10.2020)
Рӯзи 28 октябр рӯзи умумиҷаҳонии аниматсия буда дар Русия рӯзи бибиҳо ва бобоён мебошад. Дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон "Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1" сарфароз гардид

Рӯзи 28 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1707 бар асари заминҷунбӣ дар Япония 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1886 дар Ню-Йорк маросими расмии ифтитоҳи ҳайкали Озодӣ баргузор гардид.

 

 

© Sputnik / Алексей Филиппов
Города мира. Нью-Йорк

 

Соли 1914 ширкати "Kodak" аз оғози кор барои ташкили технологияи суратҳои ранга эълон намуд.

 

 

Kodak Brownie Camera. Архивное фото
Kodak Brownie Camera. Архивное фото

Соли 1997 дар назди Президенти Федератсияи Русия Комиссия оид ба мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ дар Русия таъсис дода шуд.

 

Соли 1998 хизматрасонии ҷустуҷӯйии iSearch ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2011 Комроншоҳи Устопириён  дар ҷумҳурии Латвия чемпиони ҷаҳон оид ба самбо ва соҳиби медали тилло гардид.

Рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳомидӣ масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Соли 2011 пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олӣ баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсиашон дар ҳамгироию ҳамкорӣ дар фазои пасошӯравӣ бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон "Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1" сарфароз гардонида шуд.

 

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе семинари тиҷоратии доираи соҳибкорони Тоҷикистону Полша баргузор шуд.

 

Соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри  Кӯлоб сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи 5- ситорадор оғоз гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии аниматсия.
  • Дар Русия рӯзи бибиҳо ва бобоён.
43