Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи президенти Тоҷикистон: муҳимаш худотарошӣ накардан

2594
(Таҷдидшуда 11:11 16.11.2019)
Имрӯз бахшида ба Рӯзи президент дар саросари Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегарданд. Моҳи апрели соли 2016 қонун дар бораи Рӯзи президент аз ҷониби вакилони парлумон қабул гардид

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон имрӯз Рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад.

Моҳи апрели соли 2016 қонун дар бораи таҷлили Рӯзи президент аз ҷониби вакилони парлумон қабул гардид. Маҳз 16-уми октябри соли 1994 аввалин инаугуратсияи президенти навинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд.

Коршиносон хизматҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмонро эътироф мекунанд ва дар баробари ин мегӯянд, ки набояд нисбати ӯ худотарошӣ кард.

Нуралӣ Давлат, сиёсатшинос ва журналист:

— Дар Тоҷикистон чун дар дигар мамлакатҳои ҷаҳони сеюм раванди ташкили парастиши шахсият дар миқёси маҳаллӣ рафта истодааст. Қабули аксари қонунҳо дар сатҳи қонунгузорӣ аз ҷумла таҷлили Рӯзи президент яке аз пайвандҳои ин силсила мебошад. Агар дар ояндаи наздик ин низом идома ёбад, пас мо шоҳиди ба Худо рабт додани шахсияти президент, чун подшоҳхудоён хоҳем шуд.

Фикр мекунам, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таърифҳои дуруғин, ниёз надорад. Зеро, хизматҳои шоёни ӯ дар чоряк аср баъди рафтан аз арсаи сиёсӣ барои дар таърихи тоҷикон боқӣ мондан, кофӣ аст.

Ёдовар шудани соли 1997-ум замоне, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмонов созишномаи сулҳро бо мухолифин ба имзо расонид, басанда аст. Ин даврае буд, ки президент миёни мардум шӯҳрати бузург пайдо кард.

Шавкат Мансуров, сиёсатшинос:

— Пешвои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл Пешвои миллат дониста шуд, аниқтараш чунин қонун қабул гардид. Вале дар ҳақиқат ӯ таи солҳои соҳибистиқлолии кишвар аллакай Пешво буд,-мегӯяд Мансуров. —Чаро? Аз аввали фаъолияти президентӣ ба вазифаи раиси Шӯрои Олӣ ӯ халқи кишварро бо ваъдаҳои худ ҷалб кард, бояд қайд кунам, ваъдаҳое, ки иҷро шуданд.

Масалан Эмомалӣ он замон-Раҳмонов ваъда дод, ки тамоми гурезагонеро, ки маҷбур буданд дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки ватан кунанд ба Тоҷикистон бармегардонад. "Ман омодаам, барои ҷорӣ кардани сулҳу субот дар мамлакат ва баргардонидани гурезагон ба ватан, ҳаёти худро зери хатар гузорам",-гуфт ӯ ва дар ҳақиқат ҳам охирон нафарони гуреза соли 2000-ум ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Дар умум ба Тоҷикистон 800 ҳазор гуреза баргардонида шуд! Ва ҳамаи онҳо бо манзили зист таъмин карда шуданд. Ҳеҷ кас дар "кӯча" намонд.

Агар он солҳоро ба ёд биёрем, Эмомалӣ дар рӯзи сеюми фаъолияти президентиаш бо командирони ташкилотҳои ҳарбӣ вохӯрда, чун Пешвои ҳақиқӣ амал кард. Ҳамчунин президенти кунунӣ зимни ба имзо расонидани Созишномаи сулҳ, ки на дар ягон минтақаи амн, балки дар Афғонистони ҷангзада баргузор шуд, бо далерӣ ва мардонагӣ сафар кард.

Боздиди Эмомали Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Роғун
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Албатта дар роҳи овардани сулҳ ба Тоҷикистон ӯ ягона набуд, вале нафаре буд, ки барои ҳар чӣ зудтар ҷорӣ шудани он бидуни талафот кӯшишҳои беандоза ба харҷ дод, —мегӯяд коршинос. Фикр мекунам, шумо медонед, ки таҷрибаи пойдории сулҳи Тоҷикистонро дигар кишварҳои ҷаҳон омӯхта истифода карданд.

Эмомалӣ Раҳмон мухолифон дошт, дорад ва дар оянда низ хоҳад дошт ва ин падидаи оддӣ аст. Боке нест, вақте инсонро барои хатогӣ танқид мекунанд. Аксари коршиносон бар онанд, ки зимни интихоботи президентӣ азсарнависӣ ҷой дошт, эҳтимолан, ман ҳатто бо ин қазия розӣ ҳастам.

Албатта, буд. Дар кадом минтақаи дунё чунин нест? Дар кишварҳои ҳамсоя? Ё мумкин, дар Русия? Вале ин масъалаи дуюм аст-ин кӯтоҳбинии халқ аз ҷумла намояндагони Маркази интихоботӣ, ки барои президент "хизмати хирсона" мекунанд, мебошад. Муҳимаш дарк кардани он, ки дар тӯли солҳои ҳукмронии президент халқ эътимод кардан ба роҳбари худро ёд гирифт ва дар ҳақиқиат ҳам мардум тарафдори ӯ ҳаст. Аксарияти мардум. Ва на бо сабаби тарси ҷанг, чуноне бархе аз коршиносон таъкид мекунанд, балки ба такрор мегӯям, ки халқ ба президенти худ эътимод дорад. Маъқул аст ё не-вале Эмомалӣ кафили амният буд ва ҳамин тавр кафолати оромӣ ва ояндаи мо боқӣ мемонад,-хулоса кард Мансуров.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносии Тоҷикистон:

— Санаи 16 ноябрро мо бояд чун "Рӯзи президент" на чун ҷашни шахсии раисҷумҳур, балки чун "Рузи президент" ҳамчун арзиши ҳокимияти олӣ, дар баробари Рӯзи парчами миллӣ, Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ва ғайраҳо, қайд кунем.

Табрикти Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солшарди истиқлолияти ҶТ. Душанбе 8-уми сентябр
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Эҳтироми арзишҳои олии миллӣ дар аксари кишварҳо решаи амиқ дорад, мисоли рӯшани он: ИМА ва Фаронса. Аз ин рӯ гузоштани хати ҷудо байни эҳтироми нақши президент ҳамчун рамзи ҳокимияти олии низоми ҷумҳуриявӣ бидуни таърифкунӣ чун дар замони ҳукмронии амирони Бухоро мушкил аст,-мегӯяд таҳлилгар. —Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон чун қисми ҷудонашавандаи ҷамъияти  сиёсӣ ва фарҳангии кишвар буда, аллакай дар афкори ҷамъиятии муосири тоҷик амиқ ҷой гирифтааст.

Ин дар ҳақиқат бойгарии миллии Тоҷикистони муосир аст, ки набояд ба "ботлоқ"-и суханони хушомадгӯён ғарқ шавад. Умедворам, ки дар оянда низ эҳтироми президенти кишвар ҷиддӣ, бидуни хушомадгӯии беҳуда ва бо эътибори шаъну шарафи ҳамаи шаҳрвандони кишвари соҳибихтиёр бо роҳбарии Пешвои миллат хоҳад буд,-хулоса кард Мамадазимов.

Бахшида ба рӯзи президент рӯзи чоршанбе дар Китобхонаи милии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар ҳамаи китобхонаҳо ва осорхонаҳои ҷумҳурӣ китобҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд.

Ҳамчунин намоиши рассомон ва аккосони кишвар, ки ба Пешвои миллат бахшида шудаанд, баргузор мегардад. Ҳамаи китобхонаҳо ва осорхонаҳои кишвар рӯзи чоршанбе бо низоми "дарҳои кушод" фаъолият мекунанд.

Дар ҳамаи макотиби олии кишвар ва мактабҳои миёна рӯнамоии китобҳои президенти кишвар баргузор шуда, барои шаҳрвандони кӯчаки ҷумҳурӣ озмуни "Президент аз нигоҳи кӯдакон" гузаронида мешавад.

Дар саросари кишвар плакатҳо бо навиштаҷоти "Президенти мо-Пешвои мо" овехта мешавад.

2594
Барчаспҳо:
Рӯзи президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон