Темур Зулфиқоров. Акс аз бойгонӣ

Темур Зулфиқоров зодрӯзи худро дар Душанбе қайд мекунад

69
(Таҷдидшуда 14:20 15.12.2016)
Шоми эҷодӣ ба 80-солагии "Дантеи адабиёти рус", ки моҳи август қайд шуда буд, бахшида мешавад

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон шоми эҷодии Темур Зулфиқоров баргузор мегардад, хабар медиҳад "Россотрудничество".

Маҳфил 17-уми декабр дар маркази фарҳангии Русия дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Шоми эҷодӣ ба 80 солагии шоир, ки моҳи августи соли 2016 қайд шуда буд, бахшида мешавад.

Темур Зулфиқлров-шоир, нависанда ва дармматурги рус мебошад. Ӯ дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар мамолики Ғарб Темур Зулфиқоровро "Дантеи адабиёти рус" меноманд. Асарҳои ӯ ба 12 забони хориҷӣ тарҷума шудаанд.

Машҳуртарин асарҳои ӯ дар бораи Хоҷа Насриддин, Умар Хайём, Иван Грозний, Амир Темур ва ғайраҳо мебошанд.

Зулфиқоров-муаллифи 20 китоб, ки нусхаи онҳо аз миллион беш аст, мебошад. Соли 2009 ҷамъовариҳои ӯ дар ҳафт том аз чоп баромад.

Зулфиқоров дорандаи ҷоизаҳои гуногун: "Ясная Поляна", ҷоизаи "Китоби беҳтарини сол", ҷоизаи ба номи Антон Делвиг, ғолиби озмуни 5-уми шеъри "Пророк Мухаммад — милость для миров", мебошад.

Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, муаллифи асарҳои зиёди назму насрӣ ва драматургӣ мебошад.

Қаблан хабар дода шуд, ки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи мавлуди Темур Зулфиқоров тавассути сӯҳбати телефонӣ ӯро бо 80-солагиаш табрик карда аст.

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе шоми эҷодии ҳунарманди мардумии ИҶШС Сергей Никоненко баргузор гардид. Артист, ки бо барномаи мусиқавии "Бессмертный полк" баромад карда буд, изҳор дошт, ки ободии шаҳри Душанбе ҳайратовар аст.

69
Барчаспҳо:
17 декабр, шоми эҷодӣ, 80-солагӣ, Темур Зулфиқоров, Душанбе
Мавзуъ
Дар Душанбе 60-соли эҷодиёти Заур Дахте қайд мешавад
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

39
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

39
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон
Молния, архивное фото

Мудири ҳавошиносони Тоҷикистон гуфт, хизматрасониҳо беҳтар мешаванд

63
(Таҷдидшуда 19:55 23.11.2020)
Диловар Дӯстзода, мудири Ожонси обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии ин ниҳод беҳтар карда хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дӯстзода зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, вазъи феълии байналмилалӣ ва тағйироти иқлимии сайёра зарурати ба роҳ мондани хизматрасониҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯйро ба миён овардааст.

“Бо дарназардошти ҳолати пешомада хизматрасониҳои навро таҳия намуда, ба ҷонибҳои ҳавасманд пешниҳод менамоем. Зимнан, Ҳукумати мамлакат ба рушди Агентии обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳ намуда, сохторҳои марбутаи онро бо таҷҳизоти наву замонавӣ мунтазам таъмин менамояд. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки вобаста ба пешгӯйӣ ва дастрасии маълумоти обуҳавошиносӣ чорабиниҳои заруриро дар сатҳу сифати баланд амалӣ намоем”, - иттилоъ дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Дӯстзода.

Таъкид шудааст, ки дар ҷумҳурӣ гирифтани ҳосили баланди зироат, рушди чорводорӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ҳамкориҳои дуҷониба бо сохторҳои сайёҳии кишвар, пеш аз ҳама, ба маълумоти саҳеҳ ва саривақтии обу ҳаво марбут мебошад.

Зикр гардидааст, ки таъмини саривақтии маълумоти дақиқи обуҳавошиносӣ сокинонро  аз хавфу хатар сари вақт огоҳ месозад.

63