Кормандони полис дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

56
(Таҷдидшуда 11:02 20.12.2016)
Ба кормандоне, ки аз меъёр зиёд вазн доранд, вақт дода мешавад, ки аз он халос шаванд, дар ҳолати баръакс аз кор хориҷ карда мешаванд, гуфт намояндаи идора

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кормандон талаб кардааст, ки аз вазни зиёдатӣ халос шаванд ва ба намуди зоҳирии худ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд, супориши дахлдор ба тамоми шӯъбаҳои умури дохилии кишвар равон карда шудааст, хабар дод ба РИА Новости намояндаи ВКД Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай саломатӣ ва тайёрии ҷисмонӣ талаботи асосии хидматиёни полис мебошад. "Солҳои ахир кормандони фарбеҳ зиёд гардиданд, ки ба онҳа дар иҷрои вазифаҳои фаврӣ халал мерасонад",- гуфт вай.

Ба пулисоне, ки вазни зиёдатӣ доранд, тавсия дода шудааст, ки дар вақтҳои холигӣ ба варзршгоҳ, маркази фитнес, майдончаҳо варзишӣ раванд ва саҳаргоҳон ба давидан машғул шаванд.

56
Барчаспҳо:
супориш, фарбеҳӣ, ВКД-и Тоҷикистон, кормандони полис, Тоҷикистон