Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, акс аз бойгонӣ

Номаи тасаллияти Аслов ба Лавров дар мавриди куштори сафир

32
(Таҷдидшуда 13:19 20.12.2016)
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба ҳамтои россиягии худ Сергей Лавров номаи тасаллият ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба ҳамтои россиягии худ Сергей Лавров номаи тасаллият ирсол намуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон фоҷиаи дар шаҳри  Анкара рух додаро сахт маҳкум менамояд, менависад хадамоти матбуот.

"Қатли Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Туркия Андрей Карлов, ин амали ғайриинсонӣ буда, ба вайрон намудани  тамоми меъёр ва қоидаҳои тартиботи ҷаҳони мутамаддин равона карда шудааст",- иброз доштааст Аслов дар мактуб.

Дар нома гуфта мешавад, ки ин амали ваҳшиёна бевосита ба мушкилоти умумиинсонӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм вобастагӣ дошта, дар мубориза бар зидди он  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавқеи ягона доранд.

Дар хотима вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  изҳори ҳамдардии амиқи худро ба аҳли хонавода ва наздикони дипломат, ки то охирин лаҳзаи ҳаёташ дар хизмати халқу кишвараш буд, баён намуд.

32
Барчаспҳо:
номаи тасаллият, Сергей Лавров, Сироҷиддин Аслов