Соли 2017. Акс аз бойгонӣ

Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ

326
(Таҷдидшуда 14:57 01.01.2017)
Соли 2016 сипарӣ шуд. Фейрверкҳои солинавӣ аллакай хомӯш шуданд. Соли 2017 оҳиста оҳиста меҳмони хонадони мо мешавад. Табрикот аз ҷониби шахсони машҳур идома дорад

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Ҳамин тавр шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи суруди миллӣ Гулназар Келдӣ ба ҳамватанон пеш аз ҳама сулҳ таманно кард. Ба қавли ӯ дар соли 2017 ин чиз бисёр муҳим аст.

"Моҳи июн мо 20-солагии ваҳдати миллиро ҷашн мегирем. Ин санаи бисёр муҳим аст,зеро ҳамаи пешравиҳо, баъди ба даст омадани сулҳ дар сои 1997-ум вобаста аст. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки беҳтарин таманно ба ҳамватанон ин слҳ мебошад",-қайд кард Гулназар Келдӣ.

Ба қавли ӯ соли сипаришуда шахсан барои ӯ ва барои Тоҷикистон, ки ҳамин сол маҷрои дарёи Вахшро барои идомаи сохтмои нерӯгоҳи Роғун баст, бисёр соли бобарор буд.

Шоир соли 2016 ба гирифтани ҷоизаи Diploma di Merito-и ташкилоти  Eurochambres ноил шуда, барои саҳми бузург дар рушди маориф ва фарҳанг бо медали тилло қадрдонӣ шуд.

"Ман мехоҳам, ки соли оянда низ чун ин сол пурмаҳсул ва бо муваффақият ояд. Бигзор корҳои бузурги шурӯъ гардида ба аҷом расонида шаванд ва ба хонаи ҳар як тоҷик натанҳо барқ, балки оромӣ ва осудагӣ биёяд»,-хулоса кард шоир.

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷурабек Муродов бошад ба ҳама ҳамватанон маблағи зиёд ва ташвиши камро орзу кард.

Концерт в честь 25-летия Независимости Таджикистана в Худжанде
© Sputnik
Концерт в честь 25-летия Независимости Таджикистана в Худжанде

"Махсусан барои муҳоҷирон таманнои беҳтаринро мекунам, зеро онҳо беш аз ҳама сазовори беҳтаринанд. Онҳо ба ҳамаи мушкилот нигоҳ накарда бо меҳнати ҳалол барои зиндагии худ пул кор мекунанд. Вале чун мушкилот онҳоро дур аз ватан ва дар шаҳрҳои сард думболагиранд, барояшон сабру тоқат таманно дорам",-мегӯяд ҳунарманд.

Дар баробари ин ӯ ба Тоҷикистон муносибати хуб бо ҳамсоякишварҳоро таманно дорад.

«Ман бисёр шодам, ки мунсибатҳо гарм шуда истодаанд. Ман мехоҳам, ки низоми раводид бекор карда шавад. То мо халқи бародар ба хонаҳои якдигар меҳмон шавем, дасти ҳамдигарро фишурда бо шукргузорӣ ҳамдигарро ба оғӯш гирем. Ман бесёр мехостам пеш аз ҳама ҳамроҳи ёрони дерина вохӯрда, дар як саҳна якҷо баромад кунам, махсусан бо Шералӣ Ҷураев. Солҳои гузаштаро ба ёд меовардем! Худо хоҳад чунин мешавад»,-гуфт бо умедворӣ Ҷурабек Муродов.

Худи ҳунарманд ҳоло барои баргузории консерт, ки моҳи майи соли 2017 дар назар аст, омодагӣ мебинад. Барномаи консертие,ки ҳунарманд мехоҳад дар тамоми манотиқи Тоҷикистон намоиш диҳад ба 75-солагии ӯ бахшида мешавад.

 Қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров бошад табрикоти кӯтоҳ дорад, ӯ ба ҳамватанон танҳо саломатӣ таманно кардааст.

Дилшод Назаров со своей супругой Нигиной
Дилшод Назаров со своей супругой Нигиной

"Чунки варзишгар медонад, ки саломатӣ аз ҳама муҳим аст. Агар саломатӣ бошад-ҳамаи чиз мешавад аз ҷумла ғолибият!",-қайд мекунад Назаров.

Соли равон барои ӯ соли муҳимтарин дар зиндпгии варзишгар буд-ӯ соҳиби писар шуд, (ӯ тавлиди фарзандро дар навбати аввал мегузорад) ва Дилшод Назаров соҳиби медали тилло дар Бозиҳои олимпии тобистона дар Рио гардид.

Моҳи августи соли 2017 ӯ нақша дорад дар қаҳрамони ҷаҳонӣ оид ба варзиши сабук, ки дар Лондон баргузор мешавад, иштирок кунад.

326
Барчаспҳо:
Гулназар Келдӣ, Ҷурабек Муродов, Дилшод Назаров, Тоҷикистон
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро бо Соли нав табрик кард
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо Соли нав табрик кард
Дворец Кохи Навруз зимой

Раиси Парлумони Афғонистон ба тамошои "Кохи Наврӯз" меравад

13
(Таҷдидшуда 12:10 28.02.2021)
Мирраҳмон Раҳмонӣ бо мақомдорони баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла бо раисҷумҳур ва раиси Маҷлиси намояндагон мулоқот низ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Раиси пралумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмон ба тамошои чанд мавзеи зебои Тоҷикистон меравад, гузориш медиҳад вебгоҳи Маҷлиси намояндагон.

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, шоми дирӯз Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии (Парлумон) Давлати Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонашонро Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода истиқбол намуданд.  

Раиси парлумони Афғонистон дар доираи сафари корӣ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода,  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  пракурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот хоҳад кард.

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

Интизор меравад, Мирраҳмон Раҳмонӣ ва ҳамроҳони ӯ  аз "Осорхонаи миллии Тоҷикистон" ва "Кохи Наврӯз" дидан намоянд.

13
 Врач разговаривает с пациентом

Ӯзбекистон сохтмони як беморхонаро дар Тоҷикистон ба анҷом расонид

37
(Таҷдидшуда 10:52 28.02.2021)
Узбакистон ҳамчунин дар моҳи сентябри соли 2020 сохти як мактаб барои 630 донишомӯзро дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ба поён расонд.

 ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Бемористони сохти Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон омодаи пазириши беморон, аз ҷумла афроди мубтало ба Ковиди 19 шуд.

Сохти ин бемористон соли 2018 бо ҳазинаи ҳукумати Узбакистон оғоз шуда буд.

Ин бемористон 200 тахти хоби муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхиси вируси корона мебошад, ки дар Тоҷикистон беназир аст.

Ин таҷҳизот дар кӯтоҳтарин замони мумкин беморони мубтало ба вируси коронаро мушаххас мекунад.

Ӯзбекистон ҳамчунин дар моҳи сентябри соли 2020 сохти як мадраса барои 630 донишомӯзро дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ба поён расонд.

Бар асоси тавофуқи дуҷониба Тоҷикистон низ бояд як мактаб барои 640 донишомӯз дар вилояти Самарқанд ва як боғчаи бачагон дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон бисозад, ки ба далели густариши вируси корона ин ду нақша ҳанӯз такмил нашудааст.

37