Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод

Афзоиши коррупсия: прокуратура 2, маориф 4 ва тиб 5 баробар ...

207
(Таҷдидшуда 14:59 10.01.2017)
Дар ин кор баъзе масъулини мақомоти давлатӣ низ даст дошта, маҳз мусоидат ё шарикии онҳо содиршавии ин ҷиноятҳоро имконпазир мегардонад, изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.Президент дар суханронии худ дар назди кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия фаъоляти оҷонсиро дар тайи даҳ соли ташкилёбӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.

Ҳамин тавр агентӣ аз солҳои 2007-2017  12 ҳазор тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии қариб 2 миллиард сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудааст.

Агар соли 2007 — ум 130 миллион сомонӣ зарар ошкор шуда бошад, ин рақам соли 2016 — ум 386 миллион сомониро ташкил кард, меорад президент.

Аз ҷумла дар даҳ соли охир аз маблағи умумии зарарҳои молиявии ошкоргардида 529 миллион сомонӣ ё 27 фоиз изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмонро ташкил намудааст.

Боқимонда 26,6 фоиз маблағҳои кам ҳисобишуда ва рӯйпӯшшудаи андозҳо, 672 миллион сомонӣ ё 34 фоиз талаф, 151 миллион сомонӣ пардохти беасоси музди меҳнат, нафақа, ҷубронпуливу сафархарҷиҳо ва 85 миллион сомониро зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ ташкил медиҳад.

"Дар ин кор баъзе масъулини мақомоти давлатӣ низ даст дошта, маҳз мусоидат ё шарикии онҳо содиршавии ин ҷиноятҳоро имконпазир мегардонад",-қайд кард президент.

Ғайр аз ин аз ҳисоби  истифодаи қарзҳои давлатии дохилӣ ва хориҷӣ, ки бо кафолати Ҳукумати Тоҷикистон ҷалб шудаанд, ба маблағи 120 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст, ки 66 миллион сомонӣ ё 55 фоизи он ба ду соли охир рост меояд.

Оҷонсӣ аз ҳисоби моликияти давлатии ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидашуда ба маблағи умумии зиёда аз 84 миллион сомонӣ ошкор намудааст.

Дар раванди хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ шаффофият таъмин нашуда, тасарруф намудани маблағҳои буҷетӣ то ҳол давом дорад, мегӯяд президент.

Ҳамин тавр маблағи зарари молиявӣ аз ҳисоби ҷиноятҳои ошкоргардида дар давраи таҳлилӣ 980 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар рафти санҷишу тафтишот 294 миллион сомонии он барқарор шудааст.

"Таҳлили омори даҳсола нишон медиҳад, ки ҳамасола содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Аз ҷумла, агар соли 2007 ҳамагӣ 464 ҷиноят ошкор карда шуда бошад, ин рақам соли 2016 қариб ба 1900 адад расидааст"- меорад Эмомалӣ Раҳмон.

Бахусус, тайи 5 соли охир шумораи ин ҷиноятҳо хеле афзуда, аз 1320 ҷинояти дар соли 2012 содиршуда то 1900 ҷиноят дар соли 2016 афзудааст.

Аз рӯи маълумоти агентӣ шумораи ҷиноятҳои ошкоргардида дар даҳ соли охир дар мақомоти корҳои дохилӣ ва вазорати нақлиёт якуним баробар, мақомоти судӣ ва прокуратура зиёда аз ду баробар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ зиёда аз чор баробар, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ беш аз панҷ баробар афзоиш ёфтааст.

Дар соҳаи бонкӣ кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта танҳо дар ду соли охир зиёда аз дуюним баробар ва нисбат ба соли 2007 беш аз 80 баробар афзудаанд.

Дар соли 2016 аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 145 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта содир гардидааст.

Аз ин шумора 45 ҷиноят аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, 20 ҷиноят дар Вазорати адлия, 15 ҷиноят дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 12 ҷиноят дар Вазорати мудофиа, 1 ҷиноят дар мақомоти прокуратура ва 5 ҷиноят аз тарафи кормандони мақомоти судӣ содир карда шудааст, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

207
Барчаспҳо:
10 сол, мубориза, ришва, Агентии зидди фасоди Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Преступник за решеткой

Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт

172
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати сокини 58 - солаи Вахш хабар медиҳад, ки аз дасти писари худ кушта шуд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 35 - солаи ноҳияи Вахшро боздошт намуданд, ки дар қатли падари худ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур шаби 28-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа рух додааст.

Сохтмоне, ки поёнаш бо куштор анҷомид: коргарро ба қатл расонидаю пеши хона гӯр кардаанд

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки номбурда бо мақсади қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба падараш, марди 58-солаи сокини ҳамон ҷо дар манзили истиқоматиашон бо зарфи обгираки оҳанин (қарабои) аз ҷойгаҳи хобаш бедор карда, бо баҳонаи он, ки ӯ қаблан ҳамсараш, зани 30-солаи сокини ҳамонҷоро лату кӯб кардааст, ба сару руяш се маротиба задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуда, ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

172
Барчаспҳо:
писар, падар, Вахш, куштор
Таблетки, архивное фото

“Авифавир”: нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз суи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

573
(Таҷдидшуда 11:44 31.05.2020)
Вазорати тандурустии Русия як доруеро тасвиб кард, ки ба паҳншавии коронавирус дар бадан монеъ мешавад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод, хабар медиҳад РИА Новости.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии “Авифавир” аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб имкон надорад.

“Авифавир на танҳо доруи антивирусӣ алайҳи коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст, балки мумкин аст, умедворкунандатарин доруи зидди COVID-19 дар ҷаҳон бошад”,- гуфт директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев.

Снаи 24 май, нахустурологии Вазорати тандурустӣ, академик Дмитрий Пушкар эълон карда буд, ки аввалин дору барои табобати коронавирус дар бозори Русия моҳи июн пайдо мешавад. Ба гуфтаи табиб, бо истифода аз ин дору, табобати сирояти коронавирус на зиёда аз як ҳафта тул хоҳад кашид.

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Бино бар пояи оморҳои ахир давоми як рӯзи охир дар Русия 8952 ҳолати нави сироятёбӣ бо коронавирус ошкор шудааст. Дар маҷмӯъ, 396.575 нафар тасдиқ карда шуданд, ки аз он 4,5 ҳазор нафар фавтиданд, беш аз 167 ҳазор бемор шифо ёфтаанд.

573