Корд, акс аз бойгонӣ

ВКД: Хоҳар ба бародари худ корд зад

184
(Таҷдидшуда 12:16 12.01.2017)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як зан аз вилояти Суғд бародари худро бо корд захм задааст

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ҳангоми  гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 25-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд,  хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ муайян карда шуд, ки гумонбаршуда, 31-уми декабри соли 2016, тахминан соати 14:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миёномада, бо додари 22-солааш ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намуда, бо корд як маротиба ба пушташ задааст. Дар натиҷа бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, омадааст дар хабар.

184
Барчаспҳо:
кордкашӣ, хоҳар, Тоҷикистон