Бинои ВКД Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Марги генерал майор Зариф Бобокалонов тафтиш мешавад

178
(Таҷдидшуда 10:13 20.01.2017)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо далели садамае, ки дар пайи он сардори Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳи ҶТ вафот кард, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik.Бо далели марги генерал-майор Зариф Шарифзода тафтишот оғоз шудаст. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар шаҳри Душанбе дар пайи садамаи нақлиётӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиа-майор Зариф Бобокалонов даргузашт.

"Садамаи нақлиётӣ замоне ба вуқӯъ пайваст, ки Бобокалонов сари чамбараки мошин, аз кор ба хона бармегашт. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, генерал ба сактаи қалбӣ дучор шуда, аз ин сабаб мошинаш ба автомобили дигар бархӯрдааст",-гуфт намояндаи хадамоти вазорати мудофиаи кишвар.

Ба қавли ӯ баъди садамаи нақлиётӣ сардори Ситоди генералиро ба беморхона бурданд, вале ӯ аллакай ҷон дода буд. Генерал-майор Зариф Бобокалонов ҳамагӣ 46 сол дошт. Ӯ ба вазифаи фармондеҳи Ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми январи соли 2014 таъин шудааст.

178
Барчаспҳо:
фоҷиа, тафтишот, Зариф Шарифзода, Тоҷикистон

Давоми шаш моҳ дар Тоҷикистон 5486 оила вайрон шудааст

3
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, омори вайроншавии оилаҳо дар шашмоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Вазорати адлия гфт тайи шаш моҳи соли равон дар кишвар 5486 оила аз ҳам пошидааст.

Номбурда ин нуктаро имрӯз зимн нишасти хабарии вазорат иттилоъ дода гуфт, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 570 адад кам мебошад.

Ба иттилои манбаъ аз ин теъдод 3 974 оила бо қарори додгоҳҳои шаҳру навоҳӣ  ва бо аризаи якяҷоя 1490 оила аз ҳам чудо шудаанд.

Манбаъ мегӯяд,  дар пайи ин азҳампошии оилаҳо 5356 кӯдакон ба тарбияи яке аз волидон гузаштанд

Гуфта мешавад, камшавии оилавайроншавӣ танҳо тайи се моҳи охир ба назар мерасад.

3
Хаким Фузайлов. Архивное фото

Ҳаким Фузайлов сармураббии нави "Хуҷанд" таъйин шуд

34
(Таҷдидшуда 09:21 13.07.2020)
Ҳаким Фузайлов, собиқ футбобози машҳур ва мураббии шинохтаи кишвар, сармураббии тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии бошгоҳ, Ҳаким Фузайлов, собиқ сармураббии тими миллии Тоҷикистон  то охири мавсим “Хуҷанд”-ро тамрин хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ, Никол Лазаревич, ки дар аввали сол сармураббии даста таъйин шуда буд, бинобар бастани сарҳадҳои байни кишварҳо бар асари пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ба даста кӯмак карда наметавонад.

Манбаъ мегӯяд, Ҳоло Лазаревич дар зодгоҳаш Сербия қарор дорад.

“Мо маҷбур шудем, ки бо сабаби вазъияти ҷаҳонӣ ва алахусус дар тим баамаломада, сари мизи гуфтушунид нишинем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои пурсамар бо ҳайати мураббиёни кунунӣ ва роҳбарияти клуб, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки даста сармураббии ниёз дорад. Мутаассифона, Никола Лазаревич дар Сербистон аст ва имкони ҳамроҳ шудан ба дастаро бо сабабҳои, ба ҳама маълум, надорад. Мо бо Ҳаким Каюмович ба мувофиқа расидем, ки ӯ дастаро ба мусобиқаҳои дар пешистодаи ватанӣ ва байналмилалӣ омода мекунад ва мӯҳлати шартнома то охири сол эътибор дорад”-гуфт Муроҷон Умаров, директори иҷроияи Хуҷанд.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Ӯ ҳамчунин тими миллииТоҷикистон, дасҳои “Истиқлол”, “Куктош” –ро тамрин дода ахиран  аввали моҳи июл ӯ вазифаи сармураббии бошгоҳт “Каганат”-и Қирғизистонро тарк кард.

34