Купюращои евро, акс аз бойгонӣ

Марди хуҷандӣ мехост евроҳои қалбакиашро ба сомонӣ табдил диҳад

114
(Таҷдидшуда 11:17 20.01.2017)
Гумонбаршуда ҳангоми ба муомила баровадани 8 адад купюраҳои 500 евро, ки ҳама қалбакӣ буданд, дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ҳамчун гумонбар дар тайёр ва ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қимматноки қалбакӣ дастгир намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Аз гумонбаршуда дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Исфара ҳангоми ба муомилот баровардан 8 адад купюраҳои 500 евро гирифта шуд, омадааст дар хабар.

Нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

114
Барчаспҳо:
пулҳои қалбакӣ, Исфара, Хуҷанд, Тоҷикистон