зимистон, акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон ҳаво 35 дараҷа сард мешавад

916
(Таҷдидшуда 14:05 23.01.2017)
Бинобар он, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки аз сайру гашт, ҷамоварии ҳезум, шикор ва сафар кардан тавассути минтақаҳои куҳию осебпазир худдорӣ намуда, ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт тавассути роҳҳои кўҳӣ ва ағбаҳо маҳдуд кунанд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik.Мувофиқи маълумотҳои пешгўии Агентии обуҳавошиносӣ рўзҳои аз 22 то 25 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор гардида, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то — 8 — 12 дар назар дошта шудаааст, хабар медиҳад хадамоти мабуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.

Дар минтақаҳои алоҳидаи баландкўҳо хусусан дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон шабона ҳарорати ҳаво то — 30 — 35   паст мефарояд. Дар ағбаҳои кўҳӣ туман, яхбандӣ пешбинӣ гардида, дар ноҳияҳои кўҳӣ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест, менависад манбаъ.

Бинобар он, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра аз сайру гашт, ҷамоварии ҳезум, шикор ва сафар кардан тавассути минтақаҳои куҳию осебпазир худдорӣ кунанд, менависад хадамоти матбуот.

Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки ҳаракати худро тавассути  роҳҳои кўҳӣ ва ағбаҳо маҳдуд кунанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ воситаҳои нақлиёт барои ҳаракат дар шароитҳои барфу яхбандӣ ва туманнокӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин карда шуда, ронандаҳо қоидаҳои бехатариро дар роҳҳо ҳатман риоя намоянд.

Ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар кучаҳо аз эҳтимолияти шикастани дарахтон, кандашавии хатҳои интиқоли барқ ва афтодани яхпораҳо аз биноҳои баландошёна бо эҳтиёт бошанд.

Ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ва рух додани ҳодисаҳои нохуш кумита ба шаҳрвандони рақамҳои телефони ҚҲФ-ро дар ноҳияву вилоятҳо пешниҳод мекунад. Шаҳрвандон метавонанд муроҷиат кунанд.

Навбатдорони Кумита- 111, 221-91-19, 223-13-11»

Навбатдорони Ситоди шаҳри Душанбе — 225-44-62, 225-44-76

Навбатдорони Ситоди ВМКБ — код 3522 тел: 24057, 22744

Навбатдорони Ситоди вилояти Суғд- код 3422 тел: 51555, 57995

Навбатдорони Ситоди вилояти Хатлон — код 3222 тел: 23505, 27827

Навбатдорони Ситоди минтақаи Кулоб — код 3322 тел: 21656, 21657

Навбатдорони Ситоди минтақаи Рашт — код 3131 тел: 22374

Навбатдорони Ситоди минтақаи Ҳисор- код 3139 тел: 26074

916
Барчаспҳо:
сардшавӣ, КҲФ Тоҷикистон, обу ҳаво, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)
Мавзуъ
Сардшавии ҳаво дар Тоҷикистон: -50 дараҷа
Ноги, архивное фото

Макони ишқварзӣ ба ивази 120 сомон: боздошти зани 41-сола барои ташкили фоҳишахона

270
(Таҷдидшуда 11:16 24.11.2020)
Вазорати  умури дохилии Тоҷикистон як зани 41-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахтро бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст.

Манбаъ мегӯяд, номбурда, 23-юми ноябри соли 2020, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 21 сола ва ҷавонзани 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, номбурда ҳамон рӯз дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 23-сола ва ҷавонзани 20-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”,-афзудааст, манбаъ.

Боздошти зани 47 сола барои ташкили фоҳишахона: ду нафарро шинос карду 400 сомон гирифт

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

270
Барчаспҳо:
ташкили фоҳишахона, зан, боздошт, Душанбе, Тоҷикистон
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе

Раҳмон гуфт, парчам чун нишони сарисинагӣ ва дар хонаҳои истиқоматӣ васеъ истифода гардад

78
(Таҷдидшуда 10:57 24.11.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии рӯзи Парчами давлатӣ, ки аз соли 2009 инҷониб ҳар сол 24-уми ноябр таҷлил мегардад, табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Бино ба иттилои давтари матбуотии президент,Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанонро табрик карда гуфтааст, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

“Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад. Яъне Парчами давлатӣ  муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.”,-гуфтааст раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда  истодаем.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.

Ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони  миллат мебошанд, бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар дуртарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд, афзудааст президент.

Расулзода дар Кӯшониён пояи 46-метрии парчам ва нишони давлатиро ифтитоҳ кард

Раисиҷумҳури кишвар арҷ гузоштан ба Парчами давлатиро қарзи яҳар як шаҳрванд хонда гуфтааст, дар ин самт зарур аст, ки илова ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, парчам ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад.

78
Барчаспҳо:
табрикот, Парчам, президент, Тоҷикистон
Дональд Трамп

Трамп ваколатҳои президентиро расман ба Байден месупорад

0
Президенти ИМА Доналд Трамп ба маъмурияти худ иҷозат дод, ки раванди таҳвили қудратро ба Ҷо Байден оғоз кунад ва дар ҳамин ҳол эълом дошт, ки "муборизаро идома хоҳад дод."

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Президенти ИМА Доналд Трамп расман эълон кард, ки ба сардори маъмурияти корҳои маъмурияти Иёлоти Муттаҳида Эмили Мерфи ва инчунин аъзои маъмурияти ӯ тавсия додааст, ки интиқоли салоҳиятҳоро ба маъмурияти оянда оғоз кунанд.

"Корҳои мо бомуваффақият пеш рафта истодааст, мо муборизаро идома хоҳем дод ва мо боварӣ дорам, ки мо пирӯз хоҳем шуд! Аммо, ба манфиати кишварамон, ман тавсия медиҳам, ки Эмили Мерфи ва дастаи ӯ дар робита бо протоколҳои аслӣ ҳама чизи заруриро анҷом диҳанд ва ман ба дастаи худ гуфтам, ки ин корро кунанд ", навиштааст Трамп дар Твиттери шахсӣ.

Қаблан CNN, GSA ва раҳбари он Мерфи Байденро барандаи интихоботи президентӣ эътироф карданд ва омодагии худро барои шурӯи интиқоли қудрат эълом доштанд.

Президент инчунин ба Мерфи барои "садоқатмандӣ ва садоқаташ" ба Иёлоти Муттаҳида, сарфи назар аз он, ки вай ба "таъқиб, таҳдид ва таҳқир" дучор омадааст, ташаккур гуфт.

Ҳамин тавр, президенти кунунии Амрико, дар асл, фармон дод, ки раванди интиқоли қудрат ба номзади демократҳо Ҷозеф Байден оғоз карда шавад, гарчанде ки вай бори дигар эътирофи шикаст дар интихоботро рад кард.

Гапаш ҳасту кораш нест: пирӯзии Байден ба Тоҷикистон чӣ асар хоҳад дошт?

Дар ҳамин ҳол, қаблан, намояндаи ситоди Байден Эндрю Бейтс гуфта буд, ки сиёсатмадор киро ба вазифаҳои асосии маъмурият таъин мекунад.

Рекорди Ҷо Байден дар интихоботҳои президентии ИМА: ӯ гуфт чаро президент шуд

Тони Блинкен, мушовири президент оид ба амнияти миллӣ - Ҷейк Салливан, роҳбари департаменти амнияти дохилӣ - Алехандро Маллоркас, сафири ИМА дар СММ - Линда Томас-Гринфилд ва фиристодаи вижа дар умури иқлим - Ҷон Керри метавонанд пешакӣ ба мақоми котиби давлатӣ нишинанд.

0
Барчаспҳо:
интихобот, шикаст, президент, Доналд Трамп, ИМА