Дастури Эмомалӣ Раҳмон ба Рустам дар бораи фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ

© Flickr \ Сайт президента ТаджикистанаРустами Эмомалӣ дар маҷлиси ҳукумат
Рустами Эмомалӣ дар маҷлиси ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар нахустмаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Эмолмалӣ Раҳмон ба роҳбариятҳои иҷроияи мақомотҳои маҳаллӣ дастуру супоришҳои махсус дод

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.Дар рафти маҷлиси ҳукуматӣ президенти Тоҷикистон ба раисони шаҳр ва намояндагони ҳукумат баъд аз шунидани ҳисоботҳои раисони шаҳр дустуру супоришҳо дод.

Ҳамин тавр раисҷумҳури Тоҷикистон  раиси шаҳри Кӯлобро оид ба бартараф кардани баъзе камбудиҳо, аз ҷумла аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо дар масъалаи истифода ва пардохти ҳаққи неруи барқ, таъмини гармӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии амалҳои ҷиноятӣ дар самти истифодаи замин вазифадор намуд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба ба роҳбарияти пойтахт-раиси шаҳр  Рустами Эмомалӣ ва ба дигар вазорату идораҳои давлатии шаҳри Душанбе  вазимфаҳои мушаххас гузошт.

"Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ, ба меъёрҳо мутобиқ кардани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ, беҳдошти вазъи санитарӣ, назорату танзими маъракаҳо ва расму оинҳо, баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ, аз байн бурдани мушкилот дар роҳҳои маҳаллаҳои пойтахт, сифати оби ошомиданӣ, беҳтар кардани системаи обу корез ва ғайра масъалаҳое буданд, ки раисҷумҳур диққати роҳбарияти пойтахтро ба он ҷалб намуд", — менависад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Раиси нави шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ба тағйироти кадрӣ пардохт

Инчунин раисҷумҳури кишвар супориш дод, ки барои истифодаи мақсадноку сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ ва таъмини нақшаҳои даромаду хароҷот тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки сани 12-уми январи соли равон тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадсаид Убайдуллоев — собиқ раиси шаҳри Душанебро аз вазифа сабукдӯш карда шуда, Рустами Эмомалиро раиси нави пойтахт таъин карда шуд.

Мири шаҳри Душанбе,  баъди  ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе таъин гаштан, дарҳол баромад намуда, дар бораи самти фаъолияти хеш суханронӣ кард.

Ӯ самти фаъолияти минбаъдаи хешро дар таъмин намудан бо оби тоза, қувваи барқ, риоя намудани қонунгузорӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳо нишон дод.

Лентаи хабарҳо
0