ПрезидентиТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ

Супориши Раҳмон ба Рустам ҳангоми ниҳолшинонӣ дар Боғи Наврӯзгоҳ

1339
(Таҷдидшуда 13:40 02.02.2017)
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз президенти Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт ҳусни анҷом бахшиданд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт бо шинонидани ниҳолҳо ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшид, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Тибқи иллитои манбаъ,  раисҷумҳури Тоҷикистон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳо барои омодагӣ ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз дастур додааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали
Презмденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ

Эмомалӣ Раҳмон сараввал бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуд, сипас ба президент лоиҳаҳои нави бунёди гулгаштҳо дар майдони Боғи Наврӯзгоҳ муаррифӣ карда шуд, гуфта мешавад дар хабар.

Боғи Наврӯзгоҳ дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шуда, соли 2014 ба истифода дода шудааст. Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон  маркази шаҳри Душанберо оро медиҳад.

Дар майдони 15 гектари боғи Наврӯзгоҳ дарахтони сосна, калина, туя, сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг шинонида шудааст.

Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он ба ҳисоб меравад. Дар боғи Наврӯзгоҳ ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавҷуд аст.

1339
Барчаспҳо:
Наврӯзгоҳ, ниҳолшинонӣ, Рустами Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Преступник за решеткой

Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт

264
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати сокини 58 - солаи Вахш хабар медиҳад, ки аз дасти писари худ кушта шуд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 35 - солаи ноҳияи Вахшро боздошт намуданд, ки дар қатли падари худ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур шаби 28-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа рух додааст.

Сохтмоне, ки поёнаш бо куштор анҷомид: коргарро ба қатл расонидаю пеши хона гӯр кардаанд

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки номбурда бо мақсади қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба падараш, марди 58-солаи сокини ҳамон ҷо дар манзили истиқоматиашон бо зарфи обгираки оҳанин (қарабои) аз ҷойгаҳи хобаш бедор карда, бо баҳонаи он, ки ӯ қаблан ҳамсараш, зани 30-солаи сокини ҳамонҷоро лату кӯб кардааст, ба сару руяш се маротиба задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуда, ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

264
Барчаспҳо:
писар, падар, Вахш, куштор
Таблетки, архивное фото

“Авифавир”: нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз сӯи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

748
(Таҷдидшуда 13:07 31.05.2020)
Вазорати тандурустии Русия як доруеро тасвиб кард, ки ба паҳншавии коронавирус дар бадан монеъ мешавад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод, хабар медиҳад РИА Новости.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии “Авифавир” аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб имкон надорад.

“Авифавир на танҳо доруи антивирусӣ алайҳи коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст, балки мумкин аст, умедворкунандатарин доруи зидди COVID-19 дар ҷаҳон бошад”,- гуфт директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев.

Снаи 24 май, нахустурологии Вазорати тандурустӣ, академик Дмитрий Пушкар эълон карда буд, ки аввалин дору барои табобати коронавирус дар бозори Русия моҳи июн пайдо мешавад. Ба гуфтаи табиб, бо истифода аз ин дору, табобати сирояти коронавирус на зиёда аз як ҳафта тул хоҳад кашид.

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Бино бар пояи оморҳои ахир давоми як рӯзи охир дар Русия 8952 ҳолати нави сироятёбӣ бо коронавирус ошкор шудааст. Дар маҷмӯъ, 396.575 нафар тасдиқ карда шуданд, ки аз он 4,5 ҳазор нафар фавтиданд, беш аз 167 ҳазор бемор шифо ёфтаанд.

748
Пробирка с кровью анализа на антитела к коронавирусу COVID-19

"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад

0
Агентии тандурустӣ ва ҳифзи истеъмолкунандагони Русия (Роспотребнадзор) мегӯяд, мавҷи дуюми COVID - 19 дар баробари зуком дар тирамоҳ пайдо мешавад ва ҷиддитар идома хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова зимни як барнома дар шабакаи "Россия - 1" аз бурузи мавҷи дуюми коронавирус ва зуком хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ тирамоҳи имсол мавҷи дуюми ин маризӣ бо омезиши ҳаргуна маризиҳои роҳи нафас ва ҳамзамон зуком шадидтар ҷараён мегирад.

"Ба фикри мо, яке аз сенарияҳои эҳтимолӣ ин аст, ки мавҷи дуюми коронавирус дар тирамоҳ, вақте ки сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ меафзояд, рух медиҳад. Эҳтимол дорад, ки коронавирус дар тирамоҳ зиёд мешавад ва ин моро ба ташвиш меорад", - афзудааст Попова.

Ӯ мегӯяд, "маҳз эҳтимолияти  шадидтар шудани вазъият моро водор мекунад, то зудтар ба истеҳсоли ваксин муваффақ шавем".

“Далелҳое мавҷуданд, ки ҳарду вирус, яъне COVID - 19 ва зуком ба якборагӣ дар як бемор пайдо шаванд. Ин як вазъияти хеле душвор аст. Аз ин рӯ, мо аллакай дар фикри он ҳастем, ки чӣ гуна шаҳрвандонамонро дар тирамоҳ ҳимоя кунем".

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Зимнан, Попова дар посух ба суоли он ки оё ваксин инсонро аз сироятшавӣ ба COVID- 19 комилан эъмин нигоҳ медорад, чунин посух дод, ки ваксин хатари ҷараёни вазнинро, ки мо дар тирамоҳ интизор ҳастем, ба таври назаррас коҳиш медиҳад.

0
Барчаспҳо:
афзоиш, маризӣ, тирамоҳ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон