Сейсмограф, акс аз бойгонӣ

Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад

1313
(Таҷдидшуда 11:02 03.02.2017)
Тибқи иттилои манбаи Sputnik дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik.Субҳи имрӯз тақрибан соатҳои 09:37 дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад.

Манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Исфара заминҷунбии шадид ҳис карад шуд. Табқи иттилои манбаъ тақрибан соатҳои 09:37 дар шаҳр заминҷунбӣ ба амал омадааст.

"Замин сахт ҷунбид",- менависад дар саҳифаи Facebook Марҳабои Мусодухт.

Ғайр аз ин сомонаи Earthquake Track хабар медиҳад, ки субҳи имрӯз дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Афғонистон заминларза ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои сомона заминларзаи шаҳри Исфара 4,7 баллро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, шаби гузашта дар шаҳри Фархори АФғонистон ин офати табиӣ бо дараҷаи 4,4 балл мауайян гардид.

Тибқи иттлои Sputnik Қирғизистон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон — Боткент низ сокинон заминҷунбиро ҳис карданд.

Дигар манбаъҳо хабар доданд, ки дар шаҳрҳои атрофи Исфара аз ҷумла Конибодом ва Хуҷанд заминларза ҳис карда нашудааст.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки шаби 2-уми феврал дар ду шаҳри Ӯзбакситон — Ҷиззах ва Самарқанд низ заминларза ба амал омад.

Тибқи ахбори Sputnik Ӯзбакистон дараҷаи заминларза дар кишвар 2 балл дараҷаи рихтериро ташкил кардааст.

1313
Барчаспҳо:
заминҷунбӣ, Исфара, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон (21)
Отделение банка. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълон кард

39
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши асъори хориҷӣ - рубл, доллар ва евроро нисбат ба асъори миллӣ - сомонӣ барои имрӯз эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз дар оғози ҳафтаи навин арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард.

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1450 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1470 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3097 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6862 то 11. 9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1450 то 0,1500 сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

39
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Бек Сабур куҷост? Суоли нобоби нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа

463
Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, боз дар нишасти матбуотии ин ниҳод ширкат накард. Муовинаш ин дафъа дақиқ гуфт, ки ӯ куҷост

 ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ширкат накардани раиси ин ниҳод дар нишасти матбуотиро ба хабарнигорон шарҳ дода, гуфт, мавсуф пайи иҷрои вазифаҳои хидматӣ аст.

“Раиси Хадамоти алоқа дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Кӯлоб қарор дорад. Ӯ бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ ба он ҷо рафтааст”, - гуфт Илҳомҷон Атоев.

Адами ҳузури Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон яке аз суолҳоест, ки чанд сол ба ин сӯ дар нишастҳои матбуотӣ бо масъулини ин ниҳод матраҳ мешавад. Далели ба миён омадани ин суол ҳам ин аст, ки раиси Хадамоти алоқа дар қиёс бо дигар раҳбарони вазорату кумитаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар нишастҳои матбуотӣ ширкат намекунад ва бино ба иттилои расонаҳо, бо тиҷорату корҳои хоҷагидорӣ машғул аст.

Як манбаъи огоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Бек Сабур тайи солҳои ахир бештар бо тиҷорат ва ҳам истифодаи заминҳои Хадамоти алоқа машғул буда, пешрафтҳое низ дар корҳояш доштааст.

“Ширкати сохтмонии ӯ - “Комил 2010” арзонтарин хонаҳоро барои муштариён ироа мекунад. Дар заминҳои деҳқониаш ӯ маҳсулоти ниёзи аввалро таҳия ва ба бозор мебарорад. Онҳое, ки бо ӯ наздиканд, аз корҳои хуби ӯ хуб огаҳӣ доранд”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Бек Сабур соли 2006 муовини аввал ва 28 феврали соли 2011 раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуда, то ба ҳол дар ин симат кор мекунад. Дар оғози фаъолияташ ӯ дар нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа ширкат карда, изҳороти ҷолиберо ироа мекард, ки ӯро дар сархати ахбори расонаҳо қарор медод.

Аз ҷумла соли 2012 ӯ сабаби қатъ шудани алоқаи телефонӣ ва интернет дар Бадахшонро “асобати тири шикорчӣ ба ноқил” арзёбӣ карда буд. Ё соле қабл ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки китобҳои Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти навини тоҷик, аз ҷумла “Марги судхӯр”, намунаи барҷастаи “тиҷорати қавӣ” мебошанд.

Ба эҳтимоли қавӣ, изҳороте аз ин гуна ва он ҳам аз сӯи раҳбари як ниҳоди ҳукуматӣ мӯҷиби ҳузур наёфтанаш дар нишастҳои матбуотӣ шудааст.

463