Боришоти барф дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Номаи Шоҳзода Карим Оқохони IV ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода

3588
(Таҷдидшуда 17:24 06.02.2017)
Шоҳзода Карим Оқохони IV ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нома ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Шоҳзода Карим Оқохони IV  бо ирсоли нома аз ҳамкориҳои Хазинаи Оқохон бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда изҳори миннатдорӣ намуда, хостори густариши бештари ин ҳамкориҳо дар оянда шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти КҲФ ҶТ.

Гуфта мешавад, ки номаро санаи 2- юми феврали соли 2017 намояндаи доимии Хазинаи Оқохон дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнани зимни вохӯрӣ бо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ироа кардааст.

Дар ҷараёни мулоқот раиси Кумита меҳмони олиқадрро бо корҳое, ки идораи ҳолатҳои фавқулодда меандешад ва ҳамзамон дар бораи фаъолиятҳои КҲФ, дар бораи корҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои он, оид ба фаъолияти воҳидҳои ҷудогонаи КҲФ нақл кард.

Дар навбати худ ҷаноби Песнанӣ рушди бемайлони муносибат миёни Хазинаи Оқохон ва КҲФ дар вақтҳои охирро зикр намуд ва хостори боз ҳам боло бурдани сатҳи ин ҳамкориҳо дар идораи ҳолатҳои фавқулодда шуд.

Намояндаи доимии Хазинаи Оқохон оид ба Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Песнанӣ ба раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда номаи миннатдории Шоҳзода Карим Оқохони IV —ро расонд. Дар ин нома Шоҳзода Карим Оқохон хостори густариши минбаъдаи ҳамкориҳо шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот як қатор масъалаҳои дигари барои ду ҷониб манфиатовар баррасӣ шуд.

3588
Барчаспҳо:
вохӯрӣ, мулоқот, Хазинаи рушди Оқохон дар Тоҷикистон, Оқохони IV, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)
Мавзуъ
Оқохони IV: ДОМ-қувваест, ки метавонад зиндагии мардумро тағйир диҳад
Медсестра выполняет ряд двигательных упражнений на пациенте с COVID-19 в больнице

Омори як ҳафтаи Хуҷанд: "илтиҳоби шуш" на ба занҳо раҳм дораду на ба мардон

192
(Таҷдидшуда 14:21 26.05.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд мегуяд, аз муроҷиати сокинон собит мешавад, ки шумори сироятёбӣ ба “илтиҳоби шуш” миёни мардону занон баробар будааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби, Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд мегӯяд, аз омори муроҷиати сокинон дар як ҳафтаи охир бармеояд, ки ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар байни мардону занҳо баробар аст. Ин маризӣ на ба мардон раҳм мекунаду на ба занон тараҳҳум дорад.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 18 то 24 - уми май ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 94 муроҷиати сокинон ба аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 48 нафар занон ва 46 нафар мардон буданд, ки ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилое, ки ин Марказ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, тӯли ҳафт рӯз (аз 18 то 24) ба ҳисоби беш аз 170 мавриди баландшавии табъ , 680 нафар аз ду тарафи соҳили руди Сир дар шаҳри Хуҷанд ба аломати бемориҳои мухталиф аз ҷумлаи фишорбаландӣ, бемориҳои қалбӣ, шамолхурдагӣ ва маризии қанд ба унвони маркази ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат кардаанд.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов мегӯяд бар асоси муроҷиати сокинон, ҳоло суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба ду ҳафтаи пеш ба маротиб поён рафтааст.

"Рӯзҳои охири моҳи апрел ва аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон бо ҳолатҳои баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона ду ҳафтаи охир сапти ин қабил маризӣ то ба 14 –16 ҳолатӣ кам шудааст", - таъкид намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ дар гашту гузори хона ба хона, ки гуфта мешавад, ҳоло ҳама барои саломатӣ ба по хестаанд, ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо бо ин вуҷуд масъулин таъкид меварзанд, ки ҳоло набояд барои кафкӯбию хурсандӣ аз пирӯзии мутлақ бар маризии "илтиҳоби шуш" шитоб кард, зеро эҳтимол дорад мавҷи дуюм ё давраи дигари ин маризӣ шурӯъ шавад.

Табибон мегӯянд, барои пурра нобуд шудани "вируси корона" нақши сокинон ҳам муҳим аст ва масъулияти баланд дар ин кор барои ҳар як нафар боз ҳам риояи гигиенаи тиббӣ аст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов чанде қабл дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори муроҷиати сокинон дар рӯзҳои 11 ва 17 уми майро шарҳ дода гуфта буд, ки давоми ин як ҳафта ба сататсияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 339 даъват ё муроҷиати сокинон ба баландшавии ҳарорати бадан сабт шуда, маълум гардид, ки 196 нафар аз ин шумора бино бо сабаби хуруҷи бемории "илтиҳоби шуш" барои табобат ба бемористони клиникавии вилояти Суғд интиқол дода шуданд.

Бино ба иттилоъи сартабиб, Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

192
Барчаспҳо:
омор, беморӣ, Хуҷанд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Задержание, архивное фото

Боздошти марди 33-сола барои дуздии 22 ҳазор доллар аз хонаи ҳамдеҳааш

246
(Таҷдидшуда 12:25 26.05.2020)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкурро дастгир карданд, ки дар дуздии 22 ҳазор долларро муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik.  Бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкур шикоят овардааст.

Дар шикояти ин мард гуфта шудааст, ки санаи 25-уми майи соли равон, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 22 ҳазор доллари амрикоӣ ва 26 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

ВУД таъкид доштааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир, гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, нисбати ин ҳодиса тафтишот аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.

246
Барчаспҳо:
боздошт, дуздӣ, дастгир, милитсия, Тоҷикистон