Маҳмадсаид Убайдуллоев, акс аз бойгонӣ

Иҷлосияи нуҳум бо қарори Рустам: ваколати Маҳмадсаид Убайдуллоев қатъ шуд

758
(Таҷдидшуда 16:42 07.02.2017)
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нуҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе , даъвати панҷум баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тавре, ки хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, иҷлосияи мазкур бо иштироки Рустами Эмомалӣ, муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо ва васоити ахбори омма баргузор гардид.

Тибқи ахбори манбаъ иҷлосияи нуҳум бо ташаббуси вакилон ва бо қарори раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуд.

Вакилони халқ дар аввал, тибқи фармони президенти Тоҷикистон қарори аз вазифаи раиси шаҳр озод шудани Маҳмадсаид Убайдуллоевро тасдиқ карданд.

Дар рафти маҷлис зикр карда шуд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев мехоҳад пеш аз мӯҳлат ваколатҳои вакилиашро қатъ кунад. Ғайр аз собиқ раиси шаҳр,  Улмасов Фируз Убайдуллоевич низ, барои пеш аз мӯҳлат ваколати вакилии хешро дар маҷлиси вакилони халқӣ қатъ кардан, ариза супоридааст.

Иштирокчиёни иҷлосия қарор карданд, ки ваколати вакилии Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Улмасов Фируз Убайдуллоевич  пеш аз мӯҳлат қатъ карда шавад.

Дар охир, тибқи қонунҳои амалкунанада дар ҳавзаҳои интихоблотии вакилони фаъолияташаонро қатъкарда, ба  санаи 2-уми апрел  интихобот таъин карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки собиқ шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 12-уми январи соли ҷорӣ аз вазифа сабукдӯш гардида, ба мақоми вай, писари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ таъин карда шуд.

Убайдуллоев аз соли 2000- ум  раиси Маҷлиси Миллӣ низ ба ҳисоб меравад ва баъд аз раиси ҷумҳур шахси дуввуми расмӣ дар Тоҷикистон аст.

Ҳамин тавр, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз соли 1996 то 12-январи соли 2017 раиси шаҳри Душанбе буд. То замони ба вазифаи раиси шаҳр таъин шуданаш, вай ба ҳайси муовини аввали сарвазири Тоҷикистон(1994-1996) ва  муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон(1992-1994) кор кардааст.
758
Барчаспҳо:
ваколати вакил, Иҷлосияи шаҳрӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Душанбе, Тоҷикистон