ИМА мехоҳад дар соҳаи рушди замин ба Тоҷикистон кӯмак кунад

© Sputnik / Амир ИсаевХоҷагии қилоқи Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
Хоҷагии қилоқи Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дар Точикистон амалӣ мегардад. Арзиши лоиҳа 9,7 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik.Сафири ИМА Элизабет Миллард дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи нав оиди мусоидат ба рушди бозори замин иштирок намуд. Якҷоя бо сафир дар чорабинии мазкур Кумитаи давлатии хоҷагии замин ва геодезии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода,  инчунин намояндагони парлумон ва ҳукумат иштирок доштанд.

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи "Озуқаворӣ ба хотири оянда" дар Точикистон амалӣ мегардад. Арзиши лоиҳа 9,7 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҳаб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Соли 2017 беморони силро дар ҶТ бо доруи амрикоӣ табобат мекунанд

Лоиҳа то соли 2020 давом меёбад. Ҳадаф аз лоиҳаи мазкур — ин мусоидат намудан ба рушд ва ташкили бозори замин мебошад, то ки дехқонон имконияти харидорӣ, фурўш ва иҷораи заминро пайдо кунанд.

Лоиҳа барои раванди осон ва шаффофи бақайдгирии замин бо таъмини дастрасӣ ва ҳуқуқи баробари мардону занон низ мусоидат хоҳад кард. Татбиқи лоиҳа дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.

Дар доираи лоиҳа ҳамчунин иҷрои корҳо оид ба таҳкими имконияти кормандони давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, деҳқонон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисони соҳаи замин, дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0