Ҳодисаҳои Душанбе дар солҳои 1990-ум

Президент аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Душанбе ёдовар шуд

371
(Таҷдидшуда 13:01 15.02.2017)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти мулоқот бо роҳбарону фаъолони Душанбе аз таърихи пойтахт, хусусан даврони ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.Дар пайи  ҷанги шаҳрвандӣ пойтахт рисолати худро гум кард, таъкид намуд дар баромади хеш Эмомалӣ Раҳмон.

"Фикр мекунам, ки сокинони шаҳри Душанбе он рӯзҳои вазнину фоҷеабор, яъне айёмеро, ки мардум аз тарси ҷони худ ва аҳли оилаашон ҳатто ба кӯчаи шаҳри хеш ва ба ҷойи корашон баромада наметавонистанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд"-, ёдовар шуд раисҷумҳур.

Ба гуфтаи президент,  дар пойтахт дар зарфи солҳои баъдӣ зарурати барқарор намудани фаъолияти ҳамаи зинаҳои фалаҷшудаи сохтору мақомоти давлатӣ пеш омад. "Мо маҷбур шудем, ки Иҷлосияи XVI — уми таърихии Шӯрои Олиро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намоем", илова намуд раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ҳарчанд шаҳр баъди ҳодисаҳои солҳои 90-ум пурра барқарор карда шуда бошад ҳам,  марҳилаи нави рушди Тоҷикистон тақозо мекунад, ки пойтахт бояд ободтар гардад.

"Душанбе — ҳамчун пойтахт бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад",- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар рафти суханронӣ, президенти мамлакат қайд кард, ки тӯли 25-сол  дар Душанбе корҳои ободонӣ сурат гирифтанд ва ба ин хотир маблағҳои зиёд сарф карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи сулҳ миёни тарафҳои тоҷикон дар Кремл ба поён расид. Дар пояи он оштинома, раҳбарии кишварро пас аз Раҳмон Набиев Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт ва намояндагоне аз мухолифин низ дар мақомҳои баланде дар давлат ва маҷлиси кишвар расиданд.

371
Барчаспҳо:
ҷанги шаҳрвандӣ, мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Раҳмон ҲНИТ-ро дар аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ айбдор намуд
Чрезвычайный и Полномочный псол Таджикистана Сатторов Имомуддин

Дар бораи қаллобон, парвозҳо ва издиҳом: Сатторов вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ дод

34
(Таҷдидшуда 01:23 16.07.2020)
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов вазъи муҳоҷирини дар сарҳади Қазоқистон бандмонда ва онҳое, ки хоҳиши ба ватан бозгаштро доранд, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Вазъи муҳоҷирон дар марз ва парвозҳои содиротӣ дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон аз ҷониби сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов шарҳ дода шуд.

Як қатор парвозҳои содиротӣ ва хабарҳо дар бораи барқарор шудани парвозҳои байнулмилалӣ аз ҷониби Русия дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон боиси изтироб шуданд.

Сафир хоҳиши шаҳрвандон барои тарки Русия карданро шарҳ дода гуфт, маълумотҳо дар ВАО паҳн мешавад, ки мавҷи дуввуми коронавирус ба амал меояд: табиист, ки мардум метарсанд.

"Бале, ин вирус вуҷуд дорад ва он ояндаи наздик нест нахоҳад шуд. Мо бояд бо он зиндагӣ кунем" - илова кард Сатторов.

Сафир дар бораи гирифтории кормандони сафорат ба CVID-19

Дипломат инчунин  хабарҳо дар бораи гирифтор шудани кормандони сафоратхона ба коронавирусро шарҳ дод.

"Ин метавонад бо ҳама гуна шахс, аз ҷумла кормандони сафорат рух диҳад. Ҳеҷ гуна хатар вуҷуд надорад, чораҳои эҳтиётӣ андешида шудаанд: сафорат дар ҳолати қаблии корӣ кор мекунад, одамонро қабул мекунад, таҳдиди боздоштан ё пӯшида нест. Мо пурра кор карда истодаем ва кор хоҳем кард." - илова намуд Сатторов.

Дипломат аз ҳамватанон даъват кард, ки ба таври оммавӣ Русияро тарк накунанд ва дар сарҳад ҷамъ наоянд.

Ҳамзамон, Сатторов бори дигар муҳоҷиринро аз қаллобон огоҳ кард, ки дар паси шунидани кушодани сарҳадҳо ба таври назаррас фаъол шудаанд.

"Мо борҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ огоҳ кардаем, ки дар ин ҷо одамон ё ширкатҳое ҳастанд, ки бо интиқоли одамон ба сарҳад машғуланд. Мо огоҳ карда будем, ки вазъ дар Қазоқистон хеле мушкил аст, аз роҳи заминӣ Русияро тарка кардан ғайриимкон аст" гуфт сафири Тоҷикистон дар Русия ва қайд кард, ки вазъ бо ҷамъшавии муҳоҷирон дар вилояти Самара бисёр саволҳоро ба бор меорад.

Вай илова намуд, ки чунин интиқолдиҳандагон, қаллобон ва нафароне, ки ҳуҷҷат омода мекунанд, бояд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбаташон чораҷӯйӣ шавад.

Ҳаракати нақлиётӣ миёни Русия ва Тоҷикистон баста боқӣ мемонад

Сафир инчунин издиҳоми муҳоҷирон дар назди бинои сафоратхонаҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро шарҳ дод.

"Набояд дар маркази Маскав, дар назди бинои сафорат мардум  ҷамъ шавад ва набояд ба корманди сафорат ҳамла шавад. Фаъолияти мӯътадили намояндагии дипломатӣ ба кишвари қабулкунанда вобаста аст. На танҳо муҳофизати сафорат, балки пешгирии чунин қонуншиканӣ низ зарур аст", - афзуд Сатторов.

Вай афзуд, ки сафоратхонаҳо барои ҳалли баъзе масъалаҳо салоҳияти зарурӣ надоранд.

Сафири Тоҷикистон зикр кард, ки вазъи эпидемиологӣ дар Русия мӯътадил аст ва вазифаи асосии ҳоло ин ором кардани мардум, фаҳмондани он аст, ки ҳама фаъолият тадриҷан ба роҳ монда мешавад.

Оғози гуфтушунидҳои Тоҷикистону Русия барои барқарорсозии парвозҳо

"Тоҷикистон ва Русия музокиротро дар бораи барқарор кардани хадамоти ҳавоӣ оғоз кардаанд. Аммо ба ҳар ҳол мо бояд механизмҳоеро таҳия намоем, ки инро дар шароити хатари паҳншавии коронавирус чӣ гуна анҷом додан мумкин аст ", илова намуд Сатторов.
Ҳамчун намуна, дипломат шарҳ дод, ки пеш аз парвозҳои махсус аз Русия озмоишҳои фаврии мусофирон барои коронавирус гузаронида мешаванд.

Сатторов: 3 000 тоҷикистонӣ хоҳиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро доранд

"Сарҳадҳо то абад баста намешаванд. Аз ин иқтисодиёту дигар соҳаҳо зарар мебинад ва одамон азият мекашанд"-гуфт сафир.

Дипломат гуфт, ки шумораи муроҷиатҳо ба сафорат якбора кам шудааст: парвозҳои ҳамарӯза аз Русия ба Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.

"Ҳоло дигар воҳима нест, мо аксари ниёзмандонро баровардем," -илова карда сафири Тоҷикистон дар Русия.

Ҳамзамон, дар бораи одамоне, ки мехоҳанд аз ватан ба Русия баргарданд, набояд фаромӯш кард: онҳо низ дар хориҷа оила ва хешовандони худро доранд, ҳатто агар онҳо зодаи Тоҷикистон бошанд, хулоса кард Имомуддин Сатторов.

34
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ”-ро бозхонд кард

40
Дар ин бора қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода рӯзи гузашта ба тасвиб расидааст

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз бозхонди иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” хабар дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳоди молии кишвар, қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи  Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” рӯзи 14 июл аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон содир шудааст.

“Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, таҳти №93 мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8,9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” бозхонд карда шуд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ҷанбаҳои дигари фаъолияти ФҚХ “Шаби Меъроҷ” дар асоси қарори қабулгардида ва дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд. 

40