Рустами Эмомалӣ, акс аз бойгонӣ

Рустам аз Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ миннатдор гашт

212
Чуноне ки пештар хабар дода шуд, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.Дар мулоқот раёсат ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногуни пойтахт, доираи соҳибкорону тоҷирон, аҳли илму маърифат, зиёиён, иттиҳодияҳои эҷодию динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Чуноне ки пештар хабар дода шуд, сараввал президент дар назди ҳозирон суханронӣ намуда, аз вазъи кунинии шаҳри Душанбе суханронӣ намуд.

Дар охири  Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамагон даъват намуд, ки барои ободтар гардонидани Душанбе якҷоя саъю кӯшиш ба анҷом диҳанд.

Тибқи ахбори дафтари матбуоти президент пас аз суханронии президент раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сухан баромада, ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ намуд.

Рустами Эмомалӣ дастгириву таваҷҷуҳи президенти кишварро махсус қайд намуда, қайд кард, ки барои иҷрои дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳоро ба анҷом мерасонад.

212
Барчаспҳо:
миннатдорӣ, суханронӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Добыча угля, архивное фото

Шералӣ Кабир: истихроҷи ангишт дар як сол ба беш аз ду миллион тонна расид

15
(Таҷдидшуда 13:42 08.03.2021)
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, хабар додааст, ки дар як соли ахир дар кишвар беш аз ду миллион тонна ангишт истихроҷ шудааст

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik.  Шералӣ Кабир, дар суҳбат бо рӯзномаи ҷумҳурият таъкид доштаааст, ки истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон дар як сол ба беш аз ду миллион тонна расидааст.

Вай афзуд, ки дар соли гузашта нуҳ корхона дар ҳафт кон фаъолият карда, як корхона бо сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ фаъолиятро қатъ кард.

Вай қайд кард, ки истихроҷи ангишт дар ин давра беш аз ду миллион тоннаро ташкил дод.

Гуфта шудааст, ки аз ҷониби корхонаҳои соҳа 2,7 ҳазор тонна ангишт ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон содирот шуд.

Аз тарафи корхонаҳои ангишти кишвар ба маблағи беш аз 17 миллион сомонӣ 31 техникаву таҷҳизоти нави кӯҳкорӣ ворид шуд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки соли 2020 аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷагропромэкспорт" якҷо бо ширкатҳои ватании "Данғара" ва ширкатҳои "Айнӣ транзит ЛТД"-и Покистон ва ширкати "Брокинг стонер"-и  Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

"Ҳамчунин соли сипаришуда  аз ҷумҳурӣ ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон 274,7 тонна лимӯ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152 тонна зиёд мебошад", - тавзеҳ додааст Бобозода.

Соли 2020 содироти маҳсулоти ватанӣ 1 миллиард 406,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019  232,5 миллион  зиёд мебошад. Дар ин давра содироти маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 330,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019  268,7 миллион зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли сипаригашта аз қаламрави ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 129,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 20 млн 13 ҳазор доллар содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019  10,9 ҳазор тонна зиёд мебошад.

15
Барчаспҳо:
саноат, истихроҷ, ангишт, Тоҷикистон
Школьная ярмарка в Душанбе

Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 4,5 ҳазор китоб тақдим кард

24
(Таҷдидшуда 10:41 08.03.2021)
Ба мактабҳои Тоҷикистон китобҳои фанни забони русӣ, адабиёт, физика, химия, биология, экология, алгебра ва геометрия супорида шуд. Инчунин ба мактабҳо китобҳои бадеӣ низ супурда шуд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Русия ба мактабҳои миёнаи Тоҷикистон беш аз 4,5 ҳазор китоб тақдим кард.

Китобҳои дарсӣ ба мактабу литсейҳое, ки дар онҳо муаллимон аз Русия дар доираи барномаи гуманетарӣ "Муаллими рус дар хориҷа" кор мекунанд, дода шуданд. Ҳамин тариқ, китобҳо ба гимназияи шаҳри Душанбе, литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҳисор, Кӯлоб, Бохтар, Данғара, Бӯстон ва Спитамен супорида шуданд.

Ба мактабҳо китобҳои омӯзиши забони русӣ ва адабиёти рус, физика, химия, биология, экология, алгебра ва геометрия дода шуданд. Ғайр аз ин, ба мактабҳо китобҳои бадеӣ низ тақдим карда шуд.

"Ин танҳо як қисми адабиёти таълимиест, ки мо ният дорем то охири соли равон ба мактабҳои миёна тақдим намоем. Мо интихоби китобҳои зарурии дарсӣ, адабиёти таълимию методӣ ва бадеиро, ки тавассути Россотрудничество аз Маскав сурат гирифт, анҷом додем ва барои тақдими бастаи китобҳои ба даҳ мактаб дар минтақаҳои гуногун, ба хусус дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ талош намудем”, - гуфт Иван Иванов, роҳбари намояндагии Россотрудничество.

Ба гуфтаи ӯ, ин посух ба дархости омӯзгороне мебошад, ки ба китобҳои дарсии фанҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла илмҳои дақиқ ва табиӣ ниёз доранд.

24
Барчаспҳо:
Русия, тақдим, китоб, мактбаҳо, Тоҷикистон