Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Тағийроти кадрии Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон, Суғд ва Хатлон

2055
(Таҷдидшуда 12:25 17.02.2017)
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар низоми судии се вилояти ҷумҳурӣ тағийроти кадрӣ ба амал овард

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Ҳамин тавр, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Бахтиёр раиси Суди вилояти Суғд ва Мирзозода Рустам раиси Суди вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Тибқи ахбори сомонаи матбуоти раисҷумҳур, ҳамчунин раисони суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Истиқлоли вилояти Суғд, ноҳияҳои Қубодиён ва Вахши вилояти Хатлон, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Тоҷикобод ва раисони суди ҳарбии гарнизонҳои Хатлон ва Душанбе таъин шуданд.

Хабар дода мешавад, ки  қариб 60 нафар коромӯз-судяҳо бори аввал дар мақомоти судӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фаъолият оғоз мекунанд.

Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуоти президент, аксарияти судяҳои таъингардида, мутахассисони ҷавон ба ҳисоб мераванд.

Ёдовар мешавем, ки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон кардааст.

Дар бастагӣ бо эълон шудани Соли ҷавонон раисҷумҳури Тоҷикистон ба зерсохтори худ фармон додааст, то нақшаи чорабиниҳо дар ин самт омода карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки 23-юми май ҳамасола дар Тоҷикистон чун Рӯзи ҷавонон қайд карда мешавад. Ҷашни мазкур бо қарори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 ташкил шуд. Бахшида ба ҷашни ҷавонон дар кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ, олимпиадаҳои мактабӣ, консерт ва намоишгоҳҳо гуногун доир карда мешавад.

2055
Барчаспҳо:
вилоятҳои Тоҷикистон, тағийроти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон