Кӯҳҳои Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Лағзиши 80 тарма тайи рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон: бори аввал дар 30 сол

355
(Таҷдидшуда 14:16 20.02.2017)
Рӯзҳои 17, 18 ва 19-уми феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хоруғ- Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва Душанбе-Хуҷанд лағзиши тармаи бузургҳаҷм ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Лағзиши бештар аз 80 тарма зарфи се рӯзи охир 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира гирифтааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фақуллода ва мудофиаи граждании ҶТ.

Тибқи ахбори манбаъ, айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.

Кумита аз лағзиши тармаҳои бузургҳаҷм тайи  рӯзҳои 17, 18 ва 19-уми феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Хоруғ- Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва  Душанбе-Хуҷанд хабар медиҳад.

Бино ба гуфтаи сокинони куҳансоли ин манотиқ,  чунин барфрезии шадид ва сардии беш аз ҳадди интизор дар ин 20 ва 30 соли гузашта собиқа надоштааст, менависад дафтари матбуоти КҲФ ҶТ.

Ҳамчуноне Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд то 20-уми феврали соли 2017 дар навоҳии ВМКБ, куҳҳои водии Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб хавфти лағзиши тарма ҳифз мешавад ва сафар дар ин роҳову минтақаҳо хатарнок аст.

Бар асари лағзиши бештар аз 80 тарма дар ин рӯзҳо 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира монданд. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.

Пештар барои ташкили корҳои интиқоли мошинҳо ва одамон ба манотиқи амн Ситодҳои муштараки байниидоравӣ дар километрҳои 48 ва 72 роҳи Душанбе-Айнӣ созмон дода буданд.

Аз санаҳои 17 то 20-уми феврал 78 мусофир ва ронандагони мошинҳои дармонда ба ҷойҳои амн интиқол ёфтанд. Корҳои наҷотдиҳӣ то ҳол давом дорад.

Дар маҳалҳои тармарез барои таъмини амнияти шаҳрвандон аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS постгоҳҳои иловагӣ ташкил карда шудааст, менависад КҲФ ҶТ.

Бинобар ахбари манбаъ, вазъи хеле ногувору пуршиддат дар роҳи мошингарди Ванҷ-Хоруғ-Мурғоб то ҳол ҳукмфармост.

Бар асари резиши санг ва лағзиши тарма ин роҳ комилан баста шудааст. Ситодҳои бартарафсзии ҳолатҳои фавқулодда бо роҳбарии Раиси вилоят шабонабарӯз кор мекунанд.

Кумита бинобар довом мавҷуд будани хатари тармафароӣ дар давоми 5-8 рӯзи дигар аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки ба хотири эмин нигоҳ доштани ҳаёташон аз сафар ба манотиқи хатарзо худдорӣ кунанд.

355
Барчаспҳо:
тарма, зимистон, лағзиш, сардиҳо, барф, манотиқи кӯҳӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)
Мавзуъ
Наҷотдиҳандагони КҲФ Бахтиёр Шафиевро аз тарма халос карданд
Сардиҳо дар музофоти Бадахшон ҷони 19 нафарро рабуд
Сардиҳои баъдисолинавӣ: ҳушдори КҲФ аз бориши шадиди барф

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

14
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

14
Певец Бахром Гафури

"Хона холист, хонаи мо": охирон суруде, ки Баҳром Ғафурӣ натавонист пурра мунташир кунад

239
Ҳамагӣ се рӯз пеш ҳунарманд дар саҳифаи иҷтимоӣ хабар додааст, ки дар тараддуди нашри суруди нав аст. Ӯ дар ин таронаи ғамгинаш аз хонаи холие нола мекунад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Имрӯз, 7 август дар пайи як садамаи мудҳиш сарояндаи нотакрор Баҳроми Ғафурӣ даргузашт. Ин хабар ҳазорҳо мухлиси ҳунармандро чи дар дохили Тоҷикистон ва чи дар берун аз он ғамгин кард. Sputnik Тоҷикистон машҳуртарин таронаҳои Баҳром Ғафуриро ба ёд меорад.

Ҳунарманд солҳои 2000-ум бо таронаи "Парешон шудаи ай дил" шӯҳрати беандоза ба даст овард ва вориди шоу-бизнес шуд. 

Ҳамин тавр, таронаҳои Баҳром Ғафурӣ зуд хит мешуданд ва ӯ борҳо дар озмуни "Суруди сол" иштирок намудаву ҷоиза гирифтааст. Суруди "Фариштамоҳ" яке аз онҳост.

Ҳамчунин, овозхон чанд маротиба дар озмуни байналмилалии Big Music Awards  ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ ҷоизаҳои ин озмунро солҳои 2009, 2011 ва 2014 ба даст овардааст.

 

Ҳамагӣ се рӯз пештар Баҳром Ғафурӣ дар саҳиаи Истаграмаш хабар дод, ки дар тараддуди нашри суруди наваш аст. Аммо тақдир ба ӯ даст надод, ки ин таронаро пурра мунташир кунад.

Қисме аз тарона дар саҳифаи иҷтимоии ҳунарманд нашр шудааст.

Ӯ зоҳиран ин таронааро низ ба муҳоҷират бахшидааст. Дар он ҳунарманд аз хонаи холие шикоят мекунад, ки бе нафари наздик мисли зиндон аст.

"Хона холист, хонаи мо, хонаи қашангу зебо, хона холист ҳама сарсон, хона бе ту мисли зиндон", шиква мекунад вай дар тарона.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

💫Taraddudi surudhoi nav💫 @bakha84 @hasan_madudov

Публикация от 𝐁𝐀𝐇𝐑𝐎𝐌 𝐆𝐇𝐀𝐅𝐔𝐑𝐈 (@bahrom_ghafuri_official)

Баҳром Ғафурӣ яке аз ситораҳои дурахшони саноъати мусиқии тоҷик тайи 20 соли ахир буд, ки бо услуби хосу садои нотакрор беш аз 10 албомро ҳадяи мухлисонаш кардааст.

Дар миёни мардум албумҳои ӯ “Милоди орзу”, “Ошиқи рӯят” ва “Муҳоҷирбача” маҳбубияти хос доранд. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

239