Рустами Эмомалӣ барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон кард

© Flickr \ Сайт президента ТаджикистанаРустами Эмомалӣ- раиси шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ- раиси шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомолӣ тариқи як қарор барои ишғол намудани мансабҳои холӣ озмун эълон намуд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik.Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ озмун барои ишғол намудани мансабҳои холӣ дар дастгоҳи шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе эълон карда шудааст.

Дар номгӯйи ҷойҳои холии корӣ сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, сармутахассиси шӯъбаи таҳлили ва иттилоотӣ,  сармутахассиси соҳаи сохтмон ва ободонӣ, сармутахассиси шӯъбаи маъмуриву ҳуқуқӣ, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила, сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо, сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  ва ғайраҳо номбар карда шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, озмун бояд то 12-уми март ҷамъбаст шавад.

Лентаи хабарҳо
0