Рустами Эмомалӣ телевизиони “Футбол”-ро ба кор даровард

© Федерация футбола ТаджикистанаПрезиденрти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
Президенрти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ санаи 21 феврали соли 2017 соати 18.00 расман ба фаъолияти Телевизиони “Футбол” – и Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз бахшид

Душанбе, 22 фев-Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии ҶТ телевизиони мазкур бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба "Соли ҷавонон" таъсис дода шуд.

Телевизиони "Футбол" ягона муассисаи иттиллоотӣ оид ба футбол дар кишвар буда, ба пуррагӣ бозии футболро дар формати замонавии HD пахш менамояд.

© Фото : Аз хадамоти матбуоти ФФТТелевизиони "Футбол"-и Тоҷикистон
Телевизиони Футбол-и Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Телевизиони "Футбол"-и Тоҷикистон
© Фото : ФФТРустами Эмомалӣ зимни ифтитоҳи телевизиони "Футбол"
Рустами Эмомалӣ зимни ифтитоҳи телевизиони Футбол - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Рустами Эмомалӣ зимни ифтитоҳи телевизиони "Футбол"
© Фото : Аз хадамоти матбуоти ФФТТелевизиони "Футбол"-и Тоҷикистон
Телевизиони Футбол-и Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Телевизиони "Футбол"-и Тоҷикистон
© Фото : Аз хадамоти матбуоти ФФТМаросими ифтитоҳи телевизиони "Футбол" дар Тоҷикистон
Ифтитоҳи телевизиони Футбол дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Маросими ифтитоҳи телевизиони "Футбол" дар Тоҷикистон
1/4
Телевизиони "Футбол"-и Тоҷикистон
2/4
Рустами Эмомалӣ зимни ифтитоҳи телевизиони "Футбол"
3/4
Телевизиони "Футбол"-и Тоҷикистон
4/4
Маросими ифтитоҳи телевизиони "Футбол" дар Тоҷикистон

Шабакаи телевизионии "Футбол" шабакаи нӯҳуми телевизионист, ки дар Душанбе амал мекунанд. Аз ин шумор 6 шабака — "Тоҷикистон", "Сафина", "Баҳористон", "Ҷаҳоннамо", "Варзиш" ва "Синамо" шабакаҳои миллӣ буда, барномаҳояшон тавассути моҳвора пахш мешавад.

Дар Душанбе ҳамчунин телевизиони шаҳрии "Пойтахт" ва шабакаи мустақили СМТ низ фаъолият доранд.

Рустами Эмомалӣ зини ифтитоҳи майдонҳои футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Майдонҳои нави сунъӣ ҳавасмандии духтаронро ба футбол дучанд мекунад

Телевизиони "Футбол" на танҳо бозиҳои дастаи мунтахаби мамлакат ва Лигаи миллии футбол (Лигаи олӣ ва якум), балки чемпионатҳои кишварҳои Осиё, мусобиқоти Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), Лигаи чемпионҳои Аврупо ва Лигаи Аврупо, бозиҳои Премйер-лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, Серияи "А"-и Италия ва бозиҳои ҷолиби чемпионати кишварҳои дигарро низ пахш мекунад.

Ногуфта намонад, ки Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе, худ низ дар солҳои қаблӣ ба футбол шавқ дошт ва ҳамчун ҳамлагар дар мунтхаби милии "Истиқлол" бозӣ мекард.

Бо ибтикори ӯ дар қаламрави гуногуни Тоҷикистон майдонҳои сунъии варзишӣ, бо мақсади тағрибу ташвиқи ин намудаи варзиш миёни наврасон ба истифода дода шуда буданд.

© Sputnik / Victoria LyubavinaТарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ
Тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ
Лентаи хабарҳо
0