Сейсмограф, архивное фото

Аз заминҷунбӣ дар Тоҷикистон касе осеб надидааст

91
(Таҷдидшуда 12:32 01.03.2017)
Дар пайи заминҷунбӣ, ки дирӯз дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, касе осеб надидааст

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, санаи 28-уми феврали соли 2017 соати 18:42 дар Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминҷунбӣ дар масофаи 296 километрии қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, 46 километр дар самти шимолу шарқи шаҳри Хоруғи ВМКБ воқеъ шуд.

Манбаъ меафзояд, ки заминҷунбӣ, қурбонӣ ва хисорот дар пай надошт.

Қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 3, дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 2-3 балл буд.

91
Барчаспҳо:
заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар ВМКБ заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд
Заминҷунбӣ дар шимоли Тоҷикистон