Телевизион. Акс аз бойгонӣ

Мунира Раҳимова радио ва телевизиони Суғдро раҳбарӣ мекунад

104
(Таҷдидшуда 19:45 13.03.2017)
Мунира Раҳимова - яке аз маъруфтарин гӯяндагони барномаи “Ахбор” дар телевизиони марказии Тоҷикистон - имрӯз мудири Идораи радио ва телевизиони вилояти Суғд таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Муовини раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Садриддин Шамсиддинзода имрӯз Мунира Раҳимоваро ба рӯзноманигорони Суғд муаррифӣ карданд.

Бино бар иттилоъи равобити умумии устондории Суғд, Рустам Раҳматзода дар суханронияш дар ин маросим аз тарафи раиси вилоят аз Аюбҷон Саъдуллозода, раҳбари пешини Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, барои хидматҳояш сипосгузорӣ кард. Вай ҳамчунин барои раҳбарии нав комёбиҳо орзӯ кард.

Аюбҷон Саъдуллозода аз соли 2010 то кунун раҳбарии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро бар дӯш дошт.

104
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, Мунира Раҳимова, Суғд
Мавзуъ
Журналистикаи тоҷик то имрӯз: чаро рӯзноманигорон ҳам тарки ватан мекунанд?