Атахон Сайфуллоев – чеҳраи барҷастаи адабиёти тоҷик даргузашт

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкГулдаста, акс аз бойгонӣ
Гулдаста, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Атохон Сайфуллоев- адабиётшинос, нависанда ва шоири шаҳири тоҷик имрӯз дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд вафот кард

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Чуноне ки сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, Атахон Сайфуллоев имрӯз бомдод бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.

Атахон Сайфуллоев яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик аст ки ҳануз дар соли 1963 узви Иттиҳоди нависандагон гашта буд.

Фозил Искандар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти шоир ва нависанда Фозил Искандар

Доктори улуми забоншиносӣ Атахон Сайфуллоев дар симатҳои сарвиростори ҳайъати виростории илмии "Энсиклопедияи советии тоҷик" (1975 — 1985), мудири Донишкадаи донишафзоии омӯзгорони Тоҷикистон (1989 — 1990), раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон (1991 — 1992), дабири масъули шуъбаи суғдии ИН Тоҷикистон (1993 — 2002), мудири курсии адабиёти муосири тоҷик (аз соли 1995) фаъолият карда ва ҳамзамон раиси Шурои ҷунбиши Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ буд.

Вай барандаи "Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ" ва "Ҷоиза Рӯдакӣ" буда, бо ифтихорномахои Раёсати ШО Ҷумхурии Тоҷикистон, нишонҳои Шараф, Дӯстӣ, нишони тиллои Кумитаи ҷумҳуриявии сулҳ, медали 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ва ғайра сарфароз шудааст.

Маросими видоъ бо марҳум имрӯз дар хонааш бо ширкати шаҳрдори Хуҷанд Шариф Шарифзода ва намоядагони соҳаҳои гуногуни вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдорӣ, эҳтимол дорад ки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ дар ин маросим ширкат кунад.

Лентаи хабарҳо
0