Рустам Эмомалӣ ҷавонони эҷодкорро сарпарастӣ мекунад

© Официальный сайт президента ТаджикистанаСарпарасти шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ
Сарпарасти шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо сарпарастии раиси Федеросюни футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ҷашнвора – озмуни донишҷӯён барои пайдо кардани ҷавонони боистеъдод баргузор карда мешавад

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии ҶТ, ин ҷашнвора-озмун  ба муносибати "Соли ҷавонон"  баргузор мешавад.

Ҷашнвора-озмун ду рӯз, 29 ва 30-юми март дар фарҳангсарои ҷавонон "Ориёно" баргузор мешавад.

Дар назар аст, ки дар озмунҳои ин ҷашнвора беш аз 70 ҷавони ҳунарманду боистеъдод ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Озмунро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардӣ  дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо баргузор мекунад.

Лентаи хабарҳо
0